Пожертвовать
4 C
Лондон
Пожертвовать
Бахшҳо
    ДомойҶомеаҒолибони озмуни «Беҳтарин шаҳру ноҳия, маҳалла ва хона» дар вилояти Суғд эълон...

    Ғолибони озмуни «Беҳтарин шаҳру ноҳия, маҳалла ва хона» дар вилояти Суғд эълон шуданд

    Дар вилояти Суғд ғолибони озмуни «Беҳтарин шаҳру ноҳия, шаҳраку деҳот, деҳа, маҳалли аҳолинишин ва хонаи истиқоматӣ» барои соли 2024 муайян гардиданд.

    Дар бахши «Шаҳри беҳтарин» шаҳри Хуҷанд мақоми аввалро соҳиб шуд.

    Дар бахши «Ноҳияи беҳтарин» ҷойҳои зерин тақсим шуданд:

    • Ҷойи аввал – ноҳияи Ашт;
    • Ҷойи дуюм – ноҳияи Бобоҷон Ғафуров;
    • Ҷойи сеюм – ноҳияи Спитамен.

    Ғолибон дар маросими расмии қадршиносӣ, ки 13 январи соли 2025 дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд баргузор шуд, бо Диплом ва мукофотпулӣ сарфароз гардонида шуданд. Мукофотҳо аз ҷониби муовини якуми Сарвазири Тоҷикистон Ҳоким Холиқзода ва раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода супорида шуданд.

    Тибқи иттилои хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд, озмун дар асоси нишондиҳандаҳои рушди иқтисодӣ, иҷтимоӣ, таҳкими корҳои созандагӣ ва ҳифзи анъанаҳои миллӣ баргузор гардидааст.

    Дар бахшҳои «Маҳаллаи беҳтарин» ва «Деҳаи беҳтарин» низ ғолибон муайян шуданд. Аз ҷумла:

    • Маҳаллаи «Азизобод»-и шаҳри Панҷакент ҷойи аввалро соҳиб шуд;
    • Маҳаллаи «Машъал»-и шаҳри Бӯстон мақоми дуюмро гирифт;
    • Маҳаллаи ба номи Абдураҳим Ғозибекови ноҳияи Шаҳристон ҷойи сеюмро ишғол намуд.

    Ин озмун барои тақвияти бунёдкорӣ ва арҷгузорӣ ба заҳматҳои сокинон мусоидат мекунад.


    Больше на Хабарҳои Тоҷикистон – Садои мустақили мардум

    Subscribe to get the latest posts sent to your email.

    Минск, Беларус

    Моро пайгири кунед!

    Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “TajNews” фиристед.

    Шумораи мо (WhatsApp, Telegram): WhatsApp: +380 733 123450
    Telegram: @TajNews_org_bot

    Facebook TajNews: Ба саҳифаи мо дар Facebook пайваст шавед

    Пурбаҳс

    Пурхондатарин

    Шарҳи худро илова кунед!