Wednesday, March 11, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетИдомаи пикетҳо бо талаби озодии Абдуллоҳи Шамсиддин

Идомаи пикетҳо бо талаби озодии Абдуллоҳи Шамсиддин

Пикетҳо бо талаби озодӣ ва баргардонидани Абдуллоҳи Шамсиддин, муҳоҷири истирдодшудаи тоҷик идома доранд. Рӯзҳои 16 ва 17 июни соли ҷорӣ се пикети дигар дар Берлин, пойтахти Олмон баргузор шуд.

Фаъолони ҳуқуқи башари олмонӣ, ҳамкорони собиқи Абдуллоҳи Шамсиддин ва фаъолони тоҷики муқими Олмон, ки мегӯянд то озодӣ ва баргаштани Абдуллоҳ ба талошҳояшон идома хоҳанд дод, субҳи 16 июн дар назди сафорати Тоҷикистон дар Берлин тазоҳурот карданд ва мақомоти Тоҷикистон хостанд Абдуллоҳи Шамсиддинро озод кунанд.

Зӯҳри ҳамон рӯз ба назди Вазорати корҳои хориҷии Олмон рафтанд ва мақомоти ин кишвар талаб намуданд Абдуллоҳро, ки ғайриқонунӣ ва бо нақз қавонини марбут ба ҳуқуқи башар истирдод шудааст, ба назди ҳамсару фарзандонаш баргардонанд.

Рузи 17 ткзоҳурот дар назди дарвозаи Брандербург (Brandenburger Tor) идома кард.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular