Saturday, July 18, 2026
Место для Реклама!
HomeҲуқуқи инсонЗавқибек Саидаминӣ ва Абдусаттор Пирмуҳаммадзода, ду рӯзноманигори тоҷик аз зиндон озод шуданд

Завқибек Саидаминӣ ва Абдусаттор Пирмуҳаммадзода, ду рӯзноманигори тоҷик аз зиндон озод шуданд

Завқибек Саидаминӣ ва Абдусаттор Пирмуҳаммадзода, ду рӯзноманигори тоҷик, ки ҳарду соли 2022 ба 7 соли зиндон маҳкум шуда буданд, субҳи 18-уми июл бар асоси қонуни афв ба озодӣ баромаданд. Дар ин бора наздикони хабарнигорон ба “Азия-Плюс” иттилоъ доданд.

Сино Саидаминӣ, бародари Завқибек имрӯз, 18-уми июл ба “Азия-Плюс” гуфт, ки бародараш баъди 4 солу 10 рӯз аз зиндони “Якум Советский”-и шаҳри Душанбе ба озодӣ баромад. “

“Бародарам, ки тӯли 4 солу 10 рӯз дар зиндон буд, озод шуд! Бародарам, ки 7 сол аз озодӣ маҳрум шуда буд, Алҳамдулиллоҳ, ки тибқи Қонуни афв 3 сол аз муҳлати ҷазояш кам карда шуд ва ба озодӣ баромад”, – навишт ӯ.

Қаблан яке аз пайвандони ӯ ба “Азия-Плюс” гуфта буд, ки “Завқибек санади афвро имзо кардааст ва бо назардошти солҳое, ки дар зиндон нишаст, рӯзи 18-уми июли ҳамин сол ба озодӣ мебарояд”.

Завқибек Саидаминӣ 8-уми июли соли 2022 боздошт ва 3-юми ноябри соли 2022 бо моддаи 307, қисми 2, банди 3 (Ташкили иттиҳоди экстремистӣ (ифротгароӣ) муттаҳам ва ба 7 соли зиндон маҳкум шуда буд. Худи ӯ ва наздиконаш ҳамеша иртибот ё ҳамкорӣ бо ҳизбу ҳаракатҳои мамнӯъ дар Тоҷикистонро рад кардаанд.

Ин рӯзноманигори маҳкумшудаи тоҷик пас аз эълони ҳукм аз Додгоҳи шаҳри Душанбе хост, ки ҳукмашро бозбинӣ ва бекор кунанд. Аммо зинаи баъдии додгоҳ ҳам ҳукми ҳабси ӯро бетағйир гузошта буд.

Завқибек Саидаминӣ пас аз раҳоӣ дар назди зиндон ба Радиои Озодӣ гуфтааст, мехоҳад ба кори рӯзноманигорӣ баргардад, аммо дар оғоз майл дорад, ки ба соҳибкорӣ машғул шавад. Ӯ дар бораи шароити нигаҳдорияш дар маҳбас гуфтааст, ки ба далели собиқаи кор ва тахассусаш бо вай муносибати хос мекарданд. “

“Ҳоло пас аз раҳоӣ бояд бубинем, ки фазо чӣ бардоштҳое мекунад, аммо мо гапи мегуфтаамонро нисбат ба парвандаамон аз ҳари роҳе, ки имкон буд, гуфтем”, – илова кардааст ин рӯзноманиори тоҷик.

Завқибек Саидамин. баъди ба озодӣ баромадан. Душанбе, 18-уми июли 2026

Завқибек Саидаминӣ 43 сол дошта, падари 5 фарзанд аст. Хатмкардаи факултаи журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷиткистон мебошад. Ӯ муддате дар расонаҳои хусусие чун телевизиони Симои мустақили Тоҷикистон (СМТ) ва нашрияи “ИмрӯзNews” фаъолият кардаву баъдан ба телевизиони давлатӣ ба кор рафт.

Пас аз чанд муддати кор дар телевизиони давлатӣ, ӯ корро дар ин даргоҳ тарк карда, тавре худаш мегуфт, ба тиҷорат машғул шуд. Дар баробари ин, ӯ дар як ширкати сохтмонӣ низ муддате кор кард. Ҳамеша дар фазои иҷтимоӣ фаъол буд ва мавқеи оштинопазир бо ифротгароён дошт.

Абдусаттор Пирмуҳаммадзода аз зиндони Хуҷанд ба озодӣ баромад

Яке аз наздикони Абдусаттор Пирмуҳаммадзода ба “Азия-Плюс” гуфт, ки ин рӯзноманигори тоҷик субҳи имрӯз, 18-уми июл аз зиндони №3/5 дар шаҳри Хуҷанд ба озодӣ баромад.

Пирмуҳаммадзода 9-уми июли соли 2022 боздошт ва 26-уми декабри ҳамон сол ба 7 соли зиндон маҳкум шуд. Ӯ ҳам бо моддаи 307, аммо иловаи 1-и он (Даъвати оммавӣ барои амалӣ намудани фаъолияти экстремистӣ (ифротгароӣ) ва сафедкунии оммавии экстремизм) маҳкум шуда буд. Пирмуҳаммадзода ҳам айбро рад карда, худро мегуноҳ медонист.

Баъди ҳукми додгоҳ ҳам пайвандонаш ба зинаҳои болоӣ шикоят карданд, вале дар зинаҳои болоии додгоҳ ҳам ҳукми ин рӯзноманигор тағйир надод.

Абдусаттор Пирмуҳаммадзода

Ин рӯзноманигор пеш аз ҳукми додгоҳ моҳи октябри соли 2022 дар номае аз дохили Боздоштгоҳ гуфт, “он қадар заданду кӯфтанду ба барқ монданд, ки мехостам бимирам”.

Абдусаттор Пирмуҳаммадзода зодаи шаҳри Ваҳдат аст ва падари 4 фарзанд мебошад. Солҳо дар радиои давлатӣ кор кардааст. Ӯ замоне шинохта гардид, ки дар Рӯзи Президент наворе сабт карда, аз мушкилоти рӯзмарраи худ шикоят кард.

Дар он навор ӯ гуфт, ки чанд сол дар радиои давлатӣ ба ҳайси журналист кор кардаву бо сабабҳои гуногун тарки пеша кардааст ва акнун ҳамчун ронандаи таксӣ кор мекунад. Абдусаттор шикоят дошт, ки кормандони БДА барои озод фаъолият карданаш монеъ мешаванд.

Баъдан ӯ бо пахши наворҳои дигар аз мушкилоти дигари ҷомеа нақл мекард ва миёни мардум шинохта шудшӯҳратёр гашт.

Чанде баъд аз ин бо пок кардани тамоми наворҳои хеш аз саҳифаҳои иҷтимоияш, Пирмуҳаммадзода эълон кард, ки кори блогериро қатъ мекунад.

Ӯ дар як мусоҳибаи худ гуфт, ки барои фаъолиятҳояш баъзе “бузи ҳукумат” гуфтаанд, бархе “хоини миллат” ва бо ҳамин канор рафтани худро аз фазои иҷтимоӣ эълон намуд. Дертар дубора ба фаъолияти блогерӣ баргашт

Дар чанд соли охир дар Тоҷикистон чандин рӯзноманигору блогнавис бо иттиҳоми гуногун паси панҷара рафтанд. Аз ҷумла, Абдуллоҳ Ғурбатӣ – 7,5 сол, Завқибек Саидаминӣ – 7 сол, Абдусаттор Пирмуҳаммадзода – 7 сол, Хуршед Фозилов – 7 сол, Далери Имомалӣ – 10 сол, Аҳмади Иброҳим – 10 солу 4 моҳ ва Рухшона Ҳакимова – 8 сол равонаи зиндон шудаанд. Бар асоси қонуни афв, ки чане пеш қабул шуд, аз ҳукми ҳамаи онҳо 3 соли кам гардид.

Муфассал: https://asiaplus.news/tg/2026/07/18/zavqibek-saidaminy-habarnigori-zindonii-tojik-ba-ozody-baromad/

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular