Мақомоти Ҷумҳурии Литва дархости расмии Тоҷикистонро барои боздошт ва истирдоди як шаҳрванди тоҷик бо номи Муллоиди Мирзоолимзода рад кардаанд. Ин шаҳрванди 35-сола, ки соли 2017 ба яке аз кишварҳои аврупоӣ паноҳ овардааст, ба гуфтаи наздиконаш ва созмонҳои муҳофизи ҳуқуқ, ҳоло таҳти ҳимояти байналмилалӣ қарор дорад.
Чаро истирдод талаб шуд?
Мирзоолимзода дар Тоҷикистон бо моддаи 307, иловаи 3, қисми 2 Кодекси ҷиноятӣ, ки ҳамкорӣ бо созмонҳои мамнӯъ тариқи интернет ё расонаҳоро дар бар мегирад, муттаҳам дониста шуда, мавриди ҷустуҷӯ қарор дорад. Тибқи қонунгузории ҷорӣ, ин иттиҳом метавонад аз панҷ то ҳашт соли маҳрумият аз озодӣ дар пай дошта бошад.
Бо вуҷуди ин, қонун имкон медиҳад, ки шахс дар ҳолати ихтиёрӣ даст кашидан аз ҳамкорӣ бо чунин созмонҳо, аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод шавад. Мирзоолимзода мегӯяд, ки ӯ ин иттиҳомро беасос медонад ва нияти бозгашт ба кишварро надорад.
Фишор болои наздикон
Муллоиди Мирзоолимзода дар сӯҳбат бо TajNews гуфт, ки наздиконаш дар Тоҷикистон — модар ва хоҳараш — зери фишори мақомоти амниятӣ қарор гирифтаанд, то ӯро водор ба бозгашт намоянд. Ба гуфтаи ӯ, қаблан як бор тавассути нусхаи ариза барои “изҳори пушаймонӣ”, аз тарафи мақомоти амниятии вилояти Суғд кӯшиши бозгардондани ӯ сурат гирифта буд, вале ӯ онро қабул накард.
Мақомоти Тоҷикистон хомӯшанд
Дар робита ба ин парванда мавқеи расмии мақомот то ҳол ироа нашудааст, аммо ин қазия ба рӯйхати дарози ҳолатҳои истирдод ва талаби бозпасдиҳии фаъолони сиёсӣ ва паноҳандагони тоҷик дар Аврупо зам мешавад.
Ҳолатҳои шабеҳи қаблӣ
Дар солҳои ахир чандин мавриди истирдод ва зиндонӣ шудани паноҳандагони тоҷик ба қайд гирифта шудааст. Аз ҷумла:
- Фаррух Икромов, ки соли 2024 аз Полша ихроҷ шуд ва дар Душанбе ба 23 сол маҳкум гардид;
- Билол Қурбоналиев, узви гурӯҳи “24”, соли 2023 аз Олмон ба Тоҷикистон фиристода шуда, 10 сол зиндон гирифт;
- Ҳизбулло Шовализода, як узви ҲНИТ, соли 2020 аз Австрия истирдод шуда, ба 20 сол ҳукм гирифт;
- Абдуллоҳи Шамсиддин, фарзанди яке аз чеҳраҳои маъруфи мухолифин, соли 2023 аз Олмон фиристода шуд ва 7 сол ҳукм гирифт.
Хатар барои паноҳандагони сиёсӣ
Созмонҳои байналмилалии ҳуқуқи башар борҳо таъкид кардаанд, ки баргардондани шахсони мухолиф ё фаъолони сиёсӣ ба Тоҷикистон метавонад боиси шиканҷа, муҳокимаҳои ноодилона ва ҳабси тӯлонӣ гардад.
Ҳоло, бо рад шудани дархости истирдод аз ҷониби Литва, Муллоиди Мирзоолимзода имкони идомаи зиндагии амнро дар Аврупо дорад, вале фишорҳо ба хонавода ва хавфи идомаи таъқиб боқӣ мемонад.