Дар шаҳри Гаага Додгоҳи байналмилалии ҷиноятӣ (ICC) омодагии худро барои таъсиси трибунали махсус алайҳи ҷиноятҳои таҷовузкории Русия нисбат ба Украина эълон кардааст. Аммо, то замоне ки Владимир Путин, Михаил Мишустин ва Сергей Лавров дар мансаб боқӣ мемонанд, муҳокимаи ғоибонаи онҳо имкон надорад. Бар пояи лоиҳаи созишнома, муҳокима танҳо баъд аз истеъфо ё ҳузури шахсӣ дар додгоҳ имконпазир хоҳад буд.
Тибқи иттилои расмӣ, имзои созишномаи таъсиси трибунал рӯзи 9-уми май дар Киев дар назар аст. То имрӯз 38 кишвар ва Иттиҳоди Аврупо аз ташкили трибунал пуштибонӣ кардаанд. Акнун Парлумони Шӯрои Аврупо бояд онро бо ду се ҳиссаи овозҳо тасдиқ кунад.
Ёдрас мешавем, ки ордери боздошти Путин ҳанӯз 17 марти соли 2023 аз ҷониби ICC содир шуда буд, вале то кунун ӯ дар кишварҳое, ки ин додгоҳро намепазиранд, дастнорас боқӣ мондааст.
Аммо Гаага танҳо ба Кремл нигоҳ намекунад — дасти адолат метавонад ба Душанбе низ бирасад.
11-уми апрели соли 2025, Муҳиддин Кабирӣ, раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон (ҲНИТ), эълон кард, ки шикояти расмӣ алайҳи Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон ба Додгоҳи Байналмилалии Ҷиноӣ расман ирсол шудааст.
Ба гуфтаи Кабирӣ, таҳияи парванда 4 сол вақт гирифта, ки бо кӯмаки вакилони байналмилалӣ ва бо пуштибонии Кумитаи Ҳелсинкии Норвегия анҷом ёфтааст. Дар ин шикоят, ки бо ҳамроҳии се созмони дигар (аз ҷумла Фонди ихтиёриёни байналмилалии Украина – FUVI, ва Созмони “Озодӣ барои Авруосиё”) супурда шудааст, Эмомалӣ Раҳмон ба ҷиноятҳои зидди инсоният муттаҳам мешавад.
Шикоят бар асоси далелҳои мустанад, аз ҷумла ҳуҷҷатҳои расмӣ, шаҳодати шоҳидон, видеоҳо ва гузоришҳои байналмилалӣ тартиб дода шуда, дар он боздоштҳои худсарона, шиканҷа, таҷовуз, нопадидсозии иҷборӣ, муҳоҷирати маҷбурӣ ва қатлҳо ҳамчун далелҳои ҷиноят зикр шудаанд.
ҲНИТ мегӯяд, ҳуҷҷатгузорӣ ва таҳлили ин ҷиноятҳо аз соли 2011 то имрӯз идома доштааст. Мақсад — шурӯъи тафтишоти байналмилалӣ ва ба ҷавобгарӣ кашидани Раҳмон ва мақомдорони дигари Тоҷикистон аст.
То ҳол ҳукумати Тоҷикистон ва тарафдорони Эмомалӣ Раҳмон ба ин иқдом вокуниши расмӣ нишон надодаанд.
Бо тавсеаи фаъолияти Додгоҳи байналмилалии ҷиноятӣ ва таваҷҷуҳи афзояндаи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба масъулияти шахсони баландмақом дар сатҳи ҷаҳонӣ, баррасии ҷиноятҳои эҳтимолии Эмомалӣ Раҳмон дар Гаага дигар як хаёл нест — балки як раванди ояндадор аст.