Рӯзи 8-уми апрел дар бозори марказии шаҳри Кӯлоб як ҳодисаи баҳсбарангез ба амал омад, ки дар он маъмурони милиса кӯшиш карданд як ҷавонро бе пешниҳоди даъватнома ба хизмати ҳарбӣ бибаранд. Ин ҳодиса сабти видеоӣ шудааст ва дар шабакаҳои иҷтимоӣ вокунишҳои зиёдро ба бор овардааст.
Дар навори нашршуда дида мешавад, ки як намояндаи мақомот бо либоси мулкӣ ба ҷавоне рӯ оварда, мегӯяд:
“Ман шахсан барои бурдани ту омадаам. Бе даъватнома. Даъватномаро мон.”
Гуфта мешавад, ки шахси бурданӣ — Амирҷон Бухориев, сокини Кӯлоб, ки он лаҳза дар дукони модараш Раҷаббӣ Одинаева машғули кор будааст. Наздикони ӯ мегӯянд, ки бархӯрди кормандони мақомот таҳқиромез ва ғайриқонунӣ будааст. Дар посух ба муқовимати оила, масъулон ба дари дукон муҳр задаанд.
Азиз Бухориев, бародари Амирҷон, дар суҳбат бо расонаҳо гуфт:
“Мо зидди хизмат нестем, бародарам ҳам мефаҳмад, ки вақти хидматаш расидааст. Аммо чаро дар назди мардум бо таҳқир ва бе ҳуҷҷат чунин рафтор мекунанд? Магар зиндагии қонунӣ доштан, андоз супурдан ва кор кардан айб аст? Мо хостори эҳтиром ва қонуниятем.”
Ин дар ҳолест, ки як манбаи ғайрасмӣ дар Шуъбаи корҳои дохилии Кӯлоб гуфтааст, онҳо дастур доранд, ки “бар асоси қонун” ҷавононро ба артиш равона кунанд, вале аз ҷузъиёти ин ҳодисаи мушаххас изҳори бехабарӣ намуданд.
Нақша иҷро шудааст, аммо сарбозшикор идома дорад
Бо вуҷуди он ки мақомоти вилояти Хатлон рӯзи 1-уми апрел хабар доданд, ки нақшаи баҳории даъвати ҷавонон ба артиш иҷро шудааст, ҳолатҳои ҷалби маҷбурии ҷавонон аз шаҳрҳо ва навоҳии минтақа ҳамоно ба қайд гирифта мешаванд.
Ҳомиёни ҳуқуқ ва сокинон ин амалиётҳоро бо номи “сарбозшикор” мешиносанд ва борҳо аз мақомоти дахлдор талаб кардаанд, ки ҷалби ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ бояд мутобиқи қонунгузорӣ, бо эҳтиром ба ҳуқуқ ва шаъни инсонӣ сурат бигирад.
Суоли боз: чаро бе даъватнома?
Тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи уҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ”, ҳар даъватшаванда бояд бо даъватномаи расмӣ ва тавассути комиссариати ҳарбӣ ба артиш ҷалб шавад. Ҷалби шахс бидуни ҳуҷҷат ва бо фишору таҳқир, дар фазои ҷамъиятӣ, нақзи ҳуқуқи инсон ва амали ғайриқонунӣ маҳсуб мешавад.
Ин ҳодиса дар ҳолест, ки дар солҳои охир амалиёти иҷбории “ҷалби ҷавонон ба артиш” борҳо мавриди интиқоди ҷомеаи шаҳрвандӣ ва расонаҳо қарор гирифтааст, аммо ҳолатҳои шабеҳ ҳамоно идома доранд.