Субҳи 13-уми апрел заминларзаи нерӯманд қисматҳои марказӣ ва шимолии Тоҷикистонро такон дод. Мақомот тасдиқ карданд, ки дар натиҷаи ин офати табиӣ як кӯдаки сесола дар ноҳияи Рашт ба ҳалокат расидааст ва даҳҳо хона ва як муассисаи таълимӣ осеб дидаанд.
Ба иттилои Маркази идоракунии ҳолатҳои буҳронии Кумитаи ҳолатҳои фавқулода, кӯдаке бо номи Абдуғанӣ Машрабов, сокини деҳаи Уштурпаст, дар зери девори фурӯрафтаи манзили зисташ монда, ҷон бохтааст.
Ҳамчунин, 17 манзили сокинон ва як мактаб дар ноҳияи Рашт ва 12 хона дар ноҳияи Тоҷикобод хисороти ҷиддӣ дидаанд. Гуфта мешавад, ки омори умумии зарардидаҳо ҳанӯз ниҳоӣ нашуда ва бо гузашти вақт тағйир ёфта метавонад.
Ташкили комиссия ва сафари фаврии масъулон
Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода, Раҷабалӣ Раҳмоналӣ, шахсан ба минтақаи офатдида рафта, вазъро таҳқиқ мекунад. Комиссияи махсус барои ҳисоб ва арзёбии мизони зарар фаъол аст.
Наворҳои фиристодаи сокинон ба расонаҳо нишон медиҳанд, ки баъзе хонаҳо пурра ва ё қисман хароб шудаанд, деворҳо кафидаанд ва хонаҳо садамавӣ шудаанд. Дар яке аз наворҳо дида мешавад, ки як тарафаи девори манзил чаппа шудааст.
Тафсилоти заминҷунбӣ
Заминларза соати 09:24 дақиқа ба вақти маҳаллӣ рух додааст. Маркази зилзила дар ҳудуди ноҳияи Рашт ва дар умқи 21 километр ҷойгир будааст. Қувваи заминларза дар маркази он ба 5–6 балл, дар Душанбе ба 3 балл баробар будааст.
Илова бар ин, Маркази ҳолатҳои фавқулода хабар дод, ки пас аз зилзилаи аввал, дар давоми рӯз ду ларзаи дигар низ дар Рашт сабт шудааст. Ба иттилои онҳо, қувваи ду заминҷунбии баъдӣ 3 то 4 баллро ташкил дода, дар Душанбе ҳис нашудааст.
Минтақаи зилзилахез ва хатароти ҳамешагӣ
Рашт ва минтақаҳои атрофи он дар гузашта низ чандин маротиба шоҳиди заминларзаҳои шадид будаанд. Масалан, дар соли 2021 дар ноҳияи Тоҷикобод 5 нафар бар асари зилзила ба ҳалокат расиданд, ва дар соли 2020 беш аз 60 хонаи истиқоматӣ дар натиҷаи ларзаи дигар осеб дида буданд.
Тоҷикистон яке аз минтақаҳои зилзилахези Осиёи Марказӣ ба ҳисоб меравад. Ҳар сол дар кишвар садҳо заминҷунбӣ ба қайд гирифта мешавад, ки дар натиҷаи онҳо хисороти ҷонӣ ва молӣ ба мардум мерасад.
Землятрясение 13 апреля вызвало серьезные разрушения в центральных и северных районах Таджикистана. Это трагическое событие унесло жизнь маленького ребенка и повредило десятки домов и учебное заведение. Местные власти оперативно отреагировали на катастрофу, но последствия еще предстоит устранить. Людям нужна помощь для восстановления их жилья и нормальной жизни. Как власти планируют поддерживать пострадавшие семьи в ближайшие месяцы?
Сабад сахт буд ва офати табиӣ барои мардуми мо ҳамроҳи мушкилот овард. Ҳукумат бояд бештар эътибор ба таъмини амнияти аҳолӣ бидиҳад. Заминларзаҳо як воқеияти ҳаётии мо ҳастанд, ки бояд аз онҳо омӯзанд. Барои пешгирии зарарҳои оянда чӣ чорабиниҳо андешида шудааст?
Землетрясение стало серьезным испытанием для жителей центральных и северных районов Таджикистана. Особенно печально, что погиб ребенок, и многие семьи остались без крова. Повреждения школы могут затруднить обучение детей в этом регионе. Важно, чтобы власти оказали своевременную помощь пострадавшим. Что планируется сделать для восстановления разрушенных зданий?