Пожертвовать
4 C
Лондон
Пожертвовать
Бахшҳо
    ДомойИқтисод30 ҳалокшуда ва 26 маҷрӯҳ дар ҳодисаҳои нохуши саноатӣ дар Тоҷикистон

    30 ҳалокшуда ва 26 маҷрӯҳ дар ҳодисаҳои нохуши саноатӣ дар Тоҷикистон

    Дар корхонаҳо ва объектҳое, ки зери назорати Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ қарор доранд, соли гузашта 48 ҳодисаи нохуш сабт шудааст. Ин ҳодисаҳо боиси ҳалокати 30 нафар ва ҷароҳати ҷисмонӣ гирифтани 26 нафари дигар шуданд.

    Ин маълумот 28-уми январ зимни нишасти матбуотии Хадамоти мазкур ироа гардид.

    Сабабҳои асосии ин ҳодисаҳо, ба гуфтаи масъулон, бемасъулиятии муҳандисони техникии корхонаҳо, беаҳамиятии ҷабрдидагон, риоя накардани қоидаҳои бехатарӣ ва набудани мутахассисони соҳа арзёбӣ шудаанд.

    Ба 56 нафар зарардидагон, аз ҷумла ба оилаҳои 30 нафар ҳалокшудагон, кумаки яквақтаинаи пулӣ, инчунин дигар кӯмакҳои молиявӣ ба маблағи умумии 8 862 156 сомонӣ расонида шудааст.

    Инчунин, дар нишаст зикр шуд, ки соли гузашта 340 нафар шахсони ҳуқуқӣ, мансабдор ва воқеии корхонаҳо барои риоя накардани қоидаҳои саноатӣ ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шуда, маблағи умумии ҷаримаи онҳо 1 613 536 сомониро ташкил додааст.


    Больше на Хабарҳои Тоҷикистон – Садои мустақили мардум

    Subscribe to get the latest posts sent to your email.

    Минск, Беларус

    Моро пайгири кунед!

    Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “TajNews” фиристед.

    Шумораи мо (WhatsApp, Telegram): WhatsApp: +380 733 123450
    Telegram: @TajNews_org_bot

    Facebook TajNews: Ба саҳифаи мо дар Facebook пайваст шавед

    Пурбаҳс

    Пурхондатарин

    Шарҳи худро илова кунед!