Пас аз қарори рӯзи 10 ноябр дар бораи хориҷ намудани ду узви собиқ — Курбоналӣ Оринов ва Мустафо Ҳаёт имрӯз Шӯрои ҳаракати сиёсии «Гурӯҳи 24» бо нашри изҳороти дигар аз хориҷ шудани Туйчӣ Маллоев аз сафи ҳаракат хабар дод.
Дар изҳороти расмии Шӯро, ки рӯзи 12 ноябри 2025 дар сомонаи guruhi24.net нашр шудааст, гуфта мешавад, ки қарор пас аз баррасии ҳамаҷонибаи рафтору амалҳои Маллоев қабул гардидааст.
Ба иттилои Шӯро, сабаби асосии хориҷ шудани Маллоев “хиёнат ба арзишҳо ва ҳадафҳои мубориза, ҳамкорӣ бо ниҳодҳои амниятии режими диктатории Раҳмонов ва сафари ӯ ба шаҳри Душанбе” будааст.
Дар матн таъкид шудааст, ки амали мазкур “на танҳо мухолифи меъёрҳои дохилии ҳаракат, балки бар зидди принсипҳои асосии муборизаи сиёсӣ ва эътимоди аъзои он” мебошад.
Ёдовар мешавем: ду узви дигар низ чанд рӯз пеш хориҷ шуданд
Ин қарор пас аз он содир мешавад, ки ду узви дигар — Курбоналӣ Оринов (ИМА) ва Мустафо Ҳаёт (Фаронса) низ аз ҳаракат хориҷ шуда буданд.
Онҳо дар вокуниш ба ин қарорҳо дар саҳифаҳои иҷтимоии худ изҳор доштанд, ки хориҷшавии онҳо бо хоҳиши шахсӣ ва бо ҳадафи идомаи фаъолият ба таври мустақил сурат гирифтааст.
Бо ин ҳисоб, дар тӯли се рӯз се узви шинохтаи ҳаракат аз сафи он хориҷ гардиданд, ки ин мавзӯъ миёни фаъолони сиёсӣ ва ҷомеаи тоҷики хориҷ аз кишвар баҳсҳои зиёд барангехтааст.
Таҳлил ва заминаи сиёсӣ
Дар изҳороти навбатии худ, “Гурӯҳи 24” аз “ҷосусони ниҳодҳои амниятии режими Раҳмонов” ёдовар шуда, гуфтааст, ки муборизаи он барои озодӣ, адолат ва арзишҳои мардумсолорӣ бо “иродаи қавӣ ва иттиҳоди устувор” идома хоҳад ёфт.
Ҳаракати “Гурӯҳи 24” соли 2014 дар Тоҷикистон манъ эълон шуда, фаъолияти худро дар хориҷи кишвар идома медиҳад.
Ин гурӯҳ худро ҳамчун як ҳаракати демократӣ ва зидди сензураи ҳукумати амалкунанда муаррифӣ мекунад.
Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?
Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

