Wednesday, December 31, 2025
Место для Реклама!
HomeПаём нетОгоҳии Вазорат: Хабарҳои Бардурӯғ Дар бораи COVID-Omicron XBB Дар Шабакаҳо

Огоҳии Вазорат: Хабарҳои Бардурӯғ Дар бораи COVID-Omicron XBB Дар Шабакаҳо

Рӯзҳои охир дар шабакаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла WhatsApp ва Telegram, маводи тавсиявие паҳн мешавад, ки онро ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон нисбат медиҳанд. Дар ин мавод гӯё дар бораи хуруҷи варианти нави коронавируси COVID-Omicron XBB маълумот дода мешавад.

Вазорати тандурустӣ расман изҳор доштааст, ки ин хабарҳо воқеият надоранд ва аз ҷониби саҳифаҳои сохта ё «фейк» нашр мешаванд. Дар изҳороти вазорат таъкид шудааст, ки ин мавод ҳеҷ иртиботе бо сохтори онҳо надорад.

Бо дарназардошти ин, Вазорати тандурустӣ аз тамоми шаҳрвандон даъват мекунад, ки ба ҳар гуна овозаҳои бардурӯғ дар мавриди хуруҷи сирояти COVID-Omicron XBB, ки гӯё дар кишвар сабт шудааст, бовар накунанд.

Мақомот бори дигар хотиррасон мекунанд, ки иттилооти расмӣ танҳо тавассути манбаъҳои эътимодбахши вазорат ва воситаҳои ахбори омма нашр мешавад. Аз шаҳрвандон хоҳиш карда мешавад, ки эҳтиёткор бошанд ва ба хабарҳои бардурӯғ дода нашаванд.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular