Monday, March 23, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетКохи Сафед: низомиёни Эрон барои кумак ба Русия дар Крим ҳузур доранд

Кохи Сафед: низомиёни Эрон барои кумак ба Русия дар Крим ҳузур доранд

Иёлоти мутаҳида идаъо кард ки низомиёни Эрон барои кумак ба Русия дар Крим ҳузур доранд. Бар асоси баёнияи Кохи Сафед, нерӯҳои эронӣ барои кумак кардан ба Русия дар исфода аз паҳподҳои “интиҳорӣ” алайҳи Укроин, ба ин минтақа эъзом шудаанд.

Ҷон Кёбри, сухангуи Шурои амнияти миллии Амрико дар ҷараёни як конфронс дар Кохи Сафед ин идаъоро матраҳ кард. Бо ин вуҷуд гуфт ки аз теъдоди низомиёни эронӣ дар Крим иттилооте надорад.

Кёрби ҳамчунин гуфт, ки кадрҳои эронии ҳозир дар Крим, умдатан дар фаъолиятҳои омӯзишӣ машғуланд ва пуштибонии фаннӣ ироа медиҳанд. Русҳо бо истифода аз паҳподҳои эронӣ осеби қобили таваҷуҳ ба серсохтҳои Укроин ворид кардаанд.

Ӯ гуфт: “Теҳрон акнун ба таври мустақим дар ин чанг мушорикат дорад ва дар куштори ғайринизомиёну тахриби серсохторҳои ғайринизомии Укроин таъсир мегузорад. Иёлоти мутаҳида аз ҳама аброзҳо барои эъмоли фишор, боздорандагии муқобила ба иқдомоти Эрон дар таъмини муҳимот алайҳи мардуми Укроин исфода хоҳад кард ва мо ба иҷрои қавии ҳама таҳримҳои Амрико алайҳи тиҷорати таслиҳоти Русия ва Эрон идома хоҳем дод.” 

Шибҳиҷазираи Крим дар соли 2014 тавасути Русия ишғол шуд. Пеш аз ин Ғарб Эронро мутаҳам бар он карда буд ки паҳподу мушак дар ихтиёри Русия қарор додааст то аз он дар ҷанги Укроин истифода кунад.

Суханони Кёрби дар ҳоле матраҳ мешавад ки асри паншанбе Иттиҳодияи аврупо низ маҷмуъаи ҷадиде аз таҳримҳоро алайҳи Эрон вазъ кард ва дар иҷро гузошт.

Ин таҳримҳо ки ба далели пуштибониҳои таслиҳотии Эрон ба Русия дар ҷанги Укроин вазъ шуда, се фарди ҳақикӣ ( Муҳаммад Ҳусен Боқирӣ раиси ситоди нерӯҳои Ҷумҳурии Исломии Эрон, Саид Ҳоҷатуллоҳи Қурайшӣ ва Саъид Оғоҷонӣ, фармондеҳи воҳиди паҳподи Сипоҳи посдорон) ҳамчунин як ниҳоди вобаста ба Шӯрои посдоронро ҳадаф қарор додааст.          

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular