Душанбе
Хабарҳои охирин
» » Шӯрои уламо: Ҳамкориҳо бо ниҳодҳои расмии динии Федератсияи Русия дар сатҳи хуб қарор дорад

Шӯрои уламо: Ҳамкориҳо бо ниҳодҳои расмии динии Федератсияи Русия дар сатҳи хуб қарор дорад

18 ноябрь 18:09
Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон гилаи Албир Крганов, муфтии шаҳри Маскавро оид ба ҳамкорӣ накардани ҷониби Тоҷикистон дар самти пешгирии ифротгароӣ миёни муҳоҷирин расман шарҳ дод. 

Ин ниҳоди динии кишвар дар иттилоияи расмие мегӯяд, ҳамкориҳои Шӯрои уламо бо ниҳодҳои расмии динии Федератсияи Русия дар сатҳи хуб қарор дорад. Ба иттиллои манбаъ, намояндагони Шӯрои уламо, аз ҷумла раиси Шӯро Саидмукаррам Абдуқодирзода дар гузашта барои иштирок дар ҳамоишҳои динии Федератсияи Русия ба ин кишвар сафар карда, дар доираи он бо чанд гуруҳе аз муҳоҷирони тоҷик низ дидору мулоқотҳо анҷом дода буд. Манбаъ мегӯяд, Шӯрои уламои Маркази исломӣ дар оянда низ бо истифода аз фурсатҳои фароҳам ҳамкориҳои худро тақвият хоҳад дод. 

Албир Крганов, муфтии шаҳри Маскав ду рӯз пеш дар як нишастии хабарӣ аз хатари ифротгаро шудани муҳоҷирони тоҷикистонӣ дар Русия ва таҳдидҳои гуруҳи нави террористие, ки дар марзҳои Афғонистон бо Тоҷикистон ва Туркманистон ташаккул меёбад, ҳушдор дода гуфт, шоҳиди зиёд ифротӣ шудани муҳоҷирин ҳастанд, ки омилҳои зиёд дошта, яке аз он таблиғоти ифротгароён дар миёни ин шаҳрвандон аст, ки бисёр осебпазиранд. Крганов зимни баромадаш изҳор дошт, дар самти пешгии ифротгароӣ миёни муҳоҷирин бо ҷониби Узбакистон ҳамкории ҷиддӣ ба роҳ монда шуда, вале Тоҷикистон дар ин самт ҳамкорӣ намекунад: “Аз Тоҷикистон дар Русия муҳоҷир бисёр аст. Имрӯзҳо дар марзҳои Афғонистон бо Тоҷикистон ва Туркманистон “Хуросон” ном гуруҳи нави тундраву ифротие дар ҳоли шакл гирифтан аст, ки чандин ҳазор ҷангҷӯ дорад. Бо таваҷҷуҳ ба ин ки марзи Тоҷикистон бо Афғонистон бисёр осебпазир аст, эҳтимоли ин хатар кам нест, ки он ифротиён бо бисёре аз тоҷиконе, ки дар Русия муҳоҷиранд, пайванд ёбанд. Аз ин рӯ мо кушиш дорем ҳам бо муфтиёти Тоҷикистон ва ҳам бо дигар сохторҳо ҳамкорӣ ҷӯем”. 

Ӯ гуфтааст, ниҳодҳои тоҷик бояд дар ин масъала таваҷҷуҳи лозимаро равона созанд, зеро ифротӣ шудани муҳоҷирон ба зиёни мост, заро пеш аз ҳама ба амнияту субот дар ҷомеъа ва кишвари мо хатар дорад. 
Матолиби ҳамсон:
Шарҳи худро бинависед:
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив
Пурбаҳстаринҳо
Барои Тоҷикистон корхонаи нави алюминий зарур аст?