Душанбе
Хабарҳои охирин
» » Шӯрои уламои Тоҷикистон дар бораи Мянмар: Худо золимро ҷазо медиҳад

Шӯрои уламои Тоҷикистон дар бораи Мянмар: Худо золимро ҷазо медиҳад

22 сентябрь 18:13
Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон мавқеашро нисбати вазъи мусалмонон дар Мянмар баён дошта, таъкид намудааст, ки Худованд ҳаққи мазлумонро мегирад.

Тибқи иттилои сомонаи Шӯрои уламо барои мусулмонони Мянмар ва занону кӯдакони онҳо ҳеҷ фарди мусулмон бетараф буда наметавонад: “Мо ҳамагон дар ҳаққи онон дуои хайр мекунем, таърих гувоҳ аст, ки Худованд ҳаққи мазлумро мегирад ва золимро ҷазо медиҳад. Мо бояд дар ҳаққи бародарони мусулмонамон дар ҳар намоз, хусусан дар намозҳои таҳаҷҷуд дуо кунем”.

Ин ниҳод дар идома ҳушдор додааст, ки абарқудратҳо мехоҳанд заминро аз сари нав тақсим кунанд ва ҳадафҳои худро амалӣ намоянд: “Аз ин хотир мардумро ба ҳар гурӯҳ тақсим карда, миёни онҳо низоъ ва ҷанг меандозанд, пас бояд бисёр ҳушёр бошем. Дар ин замони пурфитна қиматтарин чиз барои инсоният як пора замини ором аст, то ки дар он зиндагӣ ва ибодати худро осуда анҷом диҳанд”. 
Матолиби ҳамсон:
Шарҳи худро бинависед:
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив
Пурбаҳстаринҳо
Барои Тоҷикистон корхонаи нави алюминий зарур аст?