Душанбе
Хабарҳои охирин
» » Қалъаи Ҳулбук аз нав дар Созмони ЮНЕСКО ҳамчун осори моддии ҷаҳонӣ ба қайд гирифта шуд

Қалъаи Ҳулбук аз нав дар Созмони ЮНЕСКО ҳамчун осори моддии ҷаҳонӣ ба қайд гирифта шуд

10 ноябрь 17:33
Бо ризоияти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳайати босалоҳияти ҷумҳурӣ таҳти роҳбарии Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди  иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Абдуҷаббор Раҳмонзода, Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода ва котиби  масъули Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои ЮНЕСКО Мавҷуда Нурова дар кори ҷаласаи 39-уми Конференсияи генералии ЮНЕСКО дар шаҳри Парижи Ҷумҳурии Франсия иштирок доштанд.  Онҳо баробари иштирок дар кори сессия, ҳамчунин якчанд лоиҳаҳои навро барои қабул кардан ба рӯйхати осори нодири таърихии ЮНЕСКО ҳамроҳи худ бурданд.

Тавре аз маркази матбуоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, дар ин созмони бонуфуз лоиҳаи ҷашни Меҳргон ҳамчун мероси фарҳангии  ғайримоддии халқи тоҷик ба қайд гирифта шуд ва он соли 2019 мавриди баррасӣ ва қабул қарор мегирад. Ҳамчунин бо такмил ва иловаҳо лоиҳаи Қалъаи Ҳулбук аз нав дар Созмони ЮНЕСКО ҳамчун осори моддии ҷаҳонӣ  ба қайд гирифта шуд.

Дар ҷаласа аз номи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон сухан гуфта, дастовардҳои кишварро дар давоми солҳои охир дар самти рушди илм, маориф, фарҳанг, ҳифзи ёдгориҳои таърихӣ ва мақоми фаъол доштани кишвар дар масъалаи об дар ҷаҳон махсус зикр намуда, нақши Президенти кишварро дар пешбурди ин соҳаҳо ва ҳалли масъалаҳои алоқаманд ба об муҳим арзёбӣ намуд.

«Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии Пешвои миллат аз рўзҳои аввали ба даст овардани истиқлолият ба ҳамкории ҳамаҷониба бо ЮНЕСКО аҳамияти ҷиддӣ медиҳад. Дар давоми ду даҳсолаи охир дар ҷумҳурӣ бисёр лоиҳа ва барномаҳо амалӣ гардиданд, ки ба рушди соҳаҳои маориф, илм, ҳифзи мероси моддию ғайримоддии фарҳангӣ ва интиқоли он ба насли оянда ҳиссаи арзанда гузоштанд. Тоҷикистон минбаъд низ мақсад дорад, ки бо ЮНЕСКО ҳамкориро таҳким бахшида, нақши ЮНЕСКО-ро дар кишвар ва дар ҷаҳон баланд бардорад»,- изҳор намуд Шамсиддин Орумбекзода.
Матолиби ҳамсон:
Шарҳи худро бинависед:
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив
Пурбаҳстаринҳо
Барои Тоҷикистон корхонаи нави алюминий зарур аст?