Душанбе
Хабарҳои охирин
» » Сардори раёсати ВКД Ӯзбекистонро дар ҳуҷраи кориаш куштанд

Сардори раёсати ВКД Ӯзбекистонро дар ҳуҷраи кориаш куштанд

06 август 10:55
        Як раҳбари баландпояи ВКД Ӯзбекистон дар ҷои кориаш кушта шудааст.
Ҷасади сардори Раёсати гашту нигоҳдорӣ ( патрульно-постовой) ва ҳифзи тартиботи ҷамъиятии ВКД Ӯзбекистон Дилшод Акрамов дар ҳуҷраи кориаш пайдо шуд. Бо ин асос додситонии ин кишвар бо моддаи “куштори барқасдона бо бераҳмии махсус” парвандаи ҷиноятӣ боз кардааст.
Гуфта мешавад, нафари номаълум ба ҳуҷраи кории ин корманди пулис ворид шуда, ӯро бо корд задааст ва аз ҷои ҷиноят фирор кардааст. Дар ин бора Газета.uz хабар медиҳад.
Дар ВКД Ӯзбекистон мӯътақиданд, ки ҳамлагар метавонист яке аз шиносони мақтул бошад. Раёсати гашту нигоҳдориро Акрамов чанд рӯз қабл — моҳи июл ба дӯш гирифта буд.
Матолиби ҳамсон:
Шарҳи худро бинависед:
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив
Пурбаҳстаринҳо
Барои Тоҷикистон корхонаи нави алюминий зарур аст?