Пожертвовать
4 C
Лондон
Пожертвовать
Бахшҳо
    ДомойСиёсатHuman Rights Watch хостори лағви парвандаи рӯзноманигор Рухшона Ҳакимова шуд

    Human Rights Watch хостори лағви парвандаи рӯзноманигор Рухшона Ҳакимова шуд

    Созмони байналмилалии Human Rights Watch (Дидбони Ҳуқуқи Башар) аз мақомоти Тоҷикистон талаб кардааст, ки парвандаи ҷиноӣ алайҳи рӯзноманигор Рухшона Ҳакимова қатъ карда шавад. Ин созмон рӯзи 29-уми январ бо пахши изҳороте таъкид намудааст, ки рӯзноманигорон бояд озодона фаъолият намоянд ва набояд барои иҷрои кори худ мавриди таъқиб қарор гиранд.

    Иттиҳоми хиёнат ба давлат

    Мақомоти Тоҷикистон Рухшона Ҳакимоваро дар доираи парвандаи маъруф ба “табаддулот” муттаҳам кардаанд. Ба иттилои расида, додситон рӯзи 8-уми январ барои ӯ 17 соли зиндон талаб намудааст. Қазияи ӯ таҳти муҳри махфӣ қарор дорад ва ҷузъиёти парванда расонаӣ нашудааст. Ҳамзамон, бо назардошти он ки ӯ модари ду кӯдак аст, муваққатан бо шарти берун нарафтан аз маҳалли зист озод шудааст.

    Як манбаи огоҳ парвандаи Ҳакимова-ро бо пурсише дар бораи нуфузи Чин дар Тоҷикистон рабт додааст. Вале худи ӯ ва вакили дифоаш барои изҳори назар дастрас нестанд. Як манбаи дигар ба Радиои Озодӣ гуфтааст, ки Ҳакимова дар мурофиаи додгоҳӣ иттиҳомотро беасос хондааст.

    Талаби муҳокимаи одилона

    Сийнат Султоналиева, пажӯҳишгари Human Rights Watch, рӯзи 29-уми январ изҳор дошт: “Агар мақомоти Тоҷикистон далелҳои боэътимод дошта бошанд, ки ҷиноят содир шудааст, онҳо бояд муҳокимаи одилонаро таъмин кунанд.”

    Ба гуфтаи Human Rights Watch, Тоҷикистон бояд ба озодии баён эҳтиром гузорад ва фишор болои рӯзноманигоронро бас кунад. Ин созмон ҳамчунин аз шарикони байналмилалии Тоҷикистон даъват кардааст, ки барои риояи ҳуқуқи инсон болои ҳукумат фишор оваранд.

    “Мақомоти Тоҷикистон бояд маъракаи таъқибро алайҳи расонаҳои мустақил қатъ намуда, рӯзноманигорони зиндоншударо озод кунанд,” – таъкид кардааст Султоналиева.

    Фишор болои рӯзноманигорон

    Танҳо дар ду соли охир нуҳ рӯзноманигор ва блогер дар Тоҷикистон бо иттиҳомҳои гуногун, аз ҷумла ифротгароӣ, қаллобӣ ва тамаъҷӯӣ, ба муддатҳои тӯлонӣ зиндонӣ шудаанд. Аз ҷумла:

    Абдулло Ғурбатӣ

    Завқибек Саидаминӣ

    Далери Имомалӣ

    Абдусаттор Пирмуҳаммадзода

    — Хуршед Фозилов

    — Хушом Ғулом

    — Улфатхоним Мамадшоева

    — Муҳаммади Султон

    — Аҳмади Иброҳим

    Ҳукми онҳо аз 7 то 20 сол ҳабсро дар бар мегирад. Ҳамаи онҳо иттиҳомотро рад намуда, наздиконашон парвандаҳоро дорои ангезаҳои сиёсӣ мешуморанд.

    Фаъолияти рӯзноманигории Ҳакимова

    Рухшона Ҳакимова, 31-сола, зиёда аз даҳ сол дар расонаҳо ва созмонҳои хабарнигорӣ фаъолият кардааст. Ӯ факултаи рӯзноманигории Донишгоҳи миллии Тоҷикистон-ро хатм карда, аз соли 2013 дар Маркази таҳқиқоти журналистӣ фаъолият дорад.

    Матолиби таҳлилии ӯ дар нашрияҳои:

    — “Самак”

    — “Фараж”

    — “Ҷавонони Тоҷикистон”

    Ҳамчунин дар сомонаҳои “Кабар Азия” ва “Фактчек.тҷ” нашр шудаанд. Ӯ барандаи ҷоизаи ба номи Воҳид Асрорӣ, ҷоизаи Кумитаи ҷавонон ва Медиа-Алянс-и Тоҷикистон мебошад.

    Интизорӣ аз ҳукми додгоҳ

    Айни ҳол, додрас дар қазияи Рухшона Ҳакимова ба хонаи машваратӣ рафтааст ва интизор меравад, ки дар ҷаласаи наздик ҳукми ӯ ва дигар гумонбарони парвандаи “табаддулот” эълон шавад. То ҳол санаи дақиқи мурофиаи навбатӣ расман эълон нашудааст.

    Созмонҳои байналмилалӣ ва ҷомеаи рӯзноманигорӣ тақозо доранд, ки муҳокимаи додгоҳӣ бояд шаффоф ва мутобиқ ба меъёрҳои байналмилалии адолати додгоҳӣ сурат гирад.

    Ин гузориш мунтазам бо маълумоти нав такмил хоҳад шуд.


    Больше на Хабарҳои Тоҷикистон – Садои мустақили мардум

    Subscribe to get the latest posts sent to your email.

    Минск, Беларус

    Моро пайгири кунед!

    Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “TajNews” фиристед.

    Шумораи мо (WhatsApp, Telegram): WhatsApp: +380 733 123450
    Telegram: @TajNews_org_bot

    Facebook TajNews: Ба саҳифаи мо дар Facebook пайваст шавед

    Пурбаҳс

    Пурхондатарин

    Шарҳи худро илова кунед!