Душанбе
Хабарҳои охирин
» » Дар Душанбе Форуми соҳибкорони Тоҷикистон ва Туркманистон баргузор гардид

Дар Душанбе Форуми соҳибкорони Тоҷикистон ва Туркманистон баргузор гардид

01 ноябрь 16:59
Шоми имрӯз дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон Форуми соҳибкорони Тоҷикистон ва Туркманистон баргузор гардид. Онро бо сухани ифтитоҳӣ муовини аввали Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлаталӣ Саид ва муовини Сарвазири Туркманистон Оразмурод Гурбонназаров оғоз бахшида, дар бораи моҳият ва аҳамияти ин ҳамоиш сухан гуфтанд ва ба кори форум ва ривоҷи минбаъдаи ҳамкориҳо миёни соҳибкорони ду кишвар барору комёбӣ таманно намуданд.

Сипас Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Неъматулло Ҳикматуллозода ва Вазири иқтисод ва молияи Туркманистон Ботир Базаров роҷеъ ба вазъ ва дурнамои ҳамкориҳо миёни Тоҷикистон ва Туркманистон маълумот доданд.

Имкониятҳои сармоягузории ду кишвар ба ҳозирин  аз ҷониби Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода, Раиси Иттифоқи саноатчиён ва соҳибкорони Туркманистон Александр Дадаев ва Раиси Палатаи савдо ва саноати Туркманистон Бабаклич Каличев муаррифӣ карда, роликҳои тарғиботӣ намоиш дода шуданд.
Матолиби ҳамсон:
Шарҳи худро бинависед:
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив
Пурбаҳстаринҳо
Барои Тоҷикистон корхонаи нави алюминий зарур аст?