Душанбе
Хабарҳои охирин
» » Президенти Бонки Осиёии Рушд Такехико Накао: «Имрӯз Тоҷикистон бо пешниҳодҳои заруриаш таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳониро ҷалб намудааст»

Президенти Бонки Осиёии Рушд Такехико Накао: «Имрӯз Тоҷикистон бо пешниҳодҳои заруриаш таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳониро ҷалб намудааст»

29 ноябрь 13:09
Президенти Бонки Осиёии Рушд Такехико Накао, ки ҷиҳати иштирок дар татбиқи лоиҳаҳо ва ҷаласаи 16-уми Конфренсияи вазирони Барномаи ҳамкории иқтисодии минтақавии Осиёи Марказӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф овардааст, дар доираи сафар аз Кӯли Сарез ва Неругоҳи барқи обии «Норак» дидан намуд.

      Президенти Бонки Осиёии Рушд Такехико Накао таасуроташро аз ҷараёни боздид аз Кӯли Сарез ва Неругоҳи барқи обии Норак дар суҳбат бо хабарнигорон  чунин баён дошт:

«Ман аз сафари  Ҷумҳурии Тоҷикистон алалхусус ба ин минтақаҳои зебо бисёр хушҳолам. Зеро кӯҳҳои осмонбӯсу табиати дилфиреби Тоҷикистон дили ҳар як бинандаро шод мекунад.
Имрўз Ҷумҳурии Тоҷикистон бо пешниҳодҳои заруриаш дар арсаи байналмиллалӣ мақоми шоёнро касб намуда, таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳониро ҷалб кардааст.

Масалан пешниҳоди навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон «Даҳсолаи байналмиллалии амал об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» бори дигар ҷомеаи ҷаҳониро водор сохт, ки ба яке аз  мушкилоти асосии ҷаҳон — тағйирёбии иқлим ва норасоии оби ошомиданӣ нақшаҳои заруриро дар муҳлати кутоҳ тарҳрезӣ намуда, баҳри ҳалли онҳо дар якҷоягӣ чораандешӣ намоянд.

Талошҳои пайвастаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба  беҳтар сохтани вазъи зисту зиндагонии сокинони Тоҷикистон ва умуман ҷомеаи ҷаҳонӣ нигаронида шудааст. Ҳамаи ин далели  сиёсати хирадмандона ва башардӯстонаи Эмомалӣ Раҳмон аст.

Ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Бонки Осиёии Рушд низ рӯз то рӯз беҳтар мегардад ва ин муносибот алакай самара додааст.
Мо умед дорем, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шарофати истиқлолияти давлатиаш мақоми худро дар арсаи байналмиллалӣ боз ҳам баланд мебардорад».
Матолиби ҳамсон:
Шарҳи худро бинависед:
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив
Пурбаҳстаринҳо
Барои Тоҷикистон корхонаи нави алюминий зарур аст?