Душанбе
Хабарҳои охирин
» » Президенти Бонки Осиёии Рушд ба хотири таҳким бахшидани ҳамкориҳо ба Тоҷикистон омад

Президенти Бонки Осиёии Рушд ба хотири таҳким бахшидани ҳамкориҳо ба Тоҷикистон омад

26 октябрь 17:11
Тавре иттилоъ додем, субҳи имрӯз дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон президенти Бонки Осиёии Рушд Такехико Накаоро ба ҳузур пазируфтанд. Дар ҷараёни мулоқоти мазкур роҳҳои боз ҳам бештар ва амиқтар таҳким бахшидан ба ҳамкориҳои 20 солаи  Ҳукумати мамлакат бо Бонки Осиёии Рушд мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.

Мавриди зикр аст, ки зимни сафари серӯзаи Президенти Бонки Осиёии Рушд Такехико Накао ба Тоҷикистон, ҳамчунин мулоқоти ӯ бо муовини аввали Сарвазири мамлакат Давлаталӣ Саид ва Вазири рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ Неъматулло Ҳикматуллозода баргузор гардид.

Ҳамкориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Бонки Осиёии Рушд ҳанӯз аз соли 1998 ба роҳ монда шудааст. Дар ин давра ҳаҷми маблағгузории БОР ба соҳаҳои гуногуни иқтисодиву иҷтимоии Тоҷикистон зиёда аз 1,6 миллиард доллари амрикоиро ташкил додааст.
Такехико Накао, Президенти Бонки Осиёии Рушд Ҳукумати мамлакатро ба муносибати раисии миёнадаврии Тоҷикистон дар Созмони ҳамкории иқтисодии минтақавии Осиёи Марказӣ (CAREC) шодбош гуфта, изҳор кард, ки БОР ҳадафҳои рушди Тоҷикистонро пурра дастгирӣ менамояд.

«Бонки Осиёии Рушд ба ҳамкориҳои амиқ ва босуботи Тоҷикистон бо БОР баҳои баланд дода, афзалиятҳои рушди ҷумҳуриро ҳамаҷониба дастгирӣ менамояд», — зикр кард Такехико Накао. Аз ҷумла, дар назар дошта шудааст, ки Бонки Осиёии Рушд дар давраи солҳои 2018-2020 зиёда аз 280 миллион доллари амрикоӣ ҷиҳати мусоидат намудан ба ислоҳот ва рушди инфрасохтори энергетикии Тоҷикистон, беҳтарсозии идораи захираҳои об, бартараф намудани хатари офатҳои табиӣ, рушди шаҳрҳо, бахшҳои тандурустӣ, маориф ва барқарор намудани долонҳои нақлиётӣ пешкаш мекунад.

Такехико Накао саҳми Тоҷикистонро дар татбиқи лоиҳаҳои БОР баланд арзёбӣ карда, барои иштироки фаъолонаи мамлакат дар барномаҳои БОР изҳори сипос намуд: «Тоҷикистон дар миёни кишварҳои аъзои БОР яке аз иҷрокунандагони беҳтарини лоиҳаҳои Бонки Осиёии Рушд  мебошад».

Вобаста ба вазъи иқтисодии Тоҷикистон Такехико Накао изҳор кард, ки: «Нишондиҳандаҳои иқтисодии Тоҷикистон новобаста ба вазъи мураккаби беруна, ки ба нархи арзиши ашёи хом таъсири манфӣ расонидааст, хушҳолкунанда боқӣ мемонанд. БОР ба наздикӣ пешбиниҳои худро нисбат ба рушди Тоҷикистон баррасӣ карда, ҳаҷми афзоиши онро то 5 фоиз дар соли 2017 муайян намуд».

«Имкониятҳои миёнамуҳлати иқтисодии Тоҷикистон бо назардошти захираҳои бойи табиӣ, рушди инфрасохторҳо ва саъйю талошҳои Ҳукумати мамлакат барои гузаронидани ислоҳот ҷиҳати васеъ намудани нақши бахши хусусӣ дар иқтисодиёт қобили қабул ва дастгирӣ мебошад» — гуфт  Т. Накао.

Президенти Бонки Осиёии Рушд Такехико Накао бо Вазири корҳои хориҷии мамлакат Сироҷиддин Аслов ба ВМКБ сафар карда, аз кӯли Сарез дидан намуд. Тавре зикр гардид, БОР ба кишвари кӯҳсори Тоҷикистон дар масоили беҳтар намудани идораи захираҳои об, мутобиқат шудан ба тағйирёбии иқлим, барқарор намудан ва бунёди иншооти обёрикунанда, сарбандҳои об дар дарёҳо ва сохторҳои обтаъминкунӣ кумакҳои молиявӣ пешниҳод мекунад.

Такехико Накао бо Вазири энергетика ва захираҳои об Усмоналӣ Усмонзода аз НБО «Норак» низ боздид ба амал овард. НБО «Норак» сарчашмаи асосии истеҳсоли неруи барқ дар мамлакат мебошад, қариб 60 фоизи неруи барқ маҳз дар ҳамин неругоҳ тавлид мешавад. Чанде пеш, аз ҷониби БОР лоиҳаи беҳтарсозии дастгоҳи обтақсимкунии неругоҳи «Норак», кам кардани хароҷот зимни хизматрасонии техникӣ ва дароз намудани муҳлати истифодаи неругоҳро ба маблағи 55 миллион доллари ИМА ба анҷом расонида шуд.

Акрам САНГЗОДА,
АМИТ «Ховар» 
Матолиби ҳамсон:
Шарҳи худро бинависед:
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив
Пурбаҳстаринҳо
Барои Тоҷикистон корхонаи нави алюминий зарур аст?