Душанбе
Хабарҳои охирин
» » Бунёди нахустин корхонаи истеҳсоли моддаҳои эмулсионии таркандаи саноатӣ дар Тоҷикистон

Бунёди нахустин корхонаи истеҳсоли моддаҳои эмулсионии таркандаи саноатӣ дар Тоҷикистон

29 ноябрь 14:05
Сохтмони нахустин корхонаи истеҳсоли моддаҳои эмулсионии таркандаи саноатӣ дар ноҳияи Данғара дар назар аст.

Палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ имрӯз Созишномаи сармоягузориро байни ҳукумати Тоҷикистон ва ширкати «КМ-Муосир» оид ба сохтмони корхонаи истеҳсоли моддаҳои эмулсионии таркандаи саноатӣ дар ҳудуди ноҳияи Данғара тасдиқ кард.

Ба қавли муовини аввали раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ҷумҳурӣ Абдулмаҷид Муинзода, лоиҳа аз ҳисоби сармоягузориҳои ватанӣ ва чинӣ амалӣ хоҳад шуд.

«Имрӯз ҳама гуна навъ маводи тарканда барои эҳтиёҷоти кишвар аз хориҷи кишвар ворид мегардад, ғайр аз ин, моддаҳои эмулсионии тарканда аз тротили барои мо маъмул бамаротиб бехатар аст», - қайд кард Муинзода.

Зикр гардид, ки 51 фоизи саҳмияҳои корхонаи нав ба ҷониби Чин ва 49 фоизаш ба Тоҷикистон тааллуқ дошта, корхона бо сармоягузорӣ дар ҳаҷми наздики 20 млн. доллар муддати 1,5-2 сол бунёд ва мавриди баҳрабардорӣ қарор мегирад.

Бино ба маълумоти Кумитаи давлатии сармоягузорӣ, дар марҳилаи аввал ҳаҷми истеҳсоли маводи таркандаи саноатӣ на камтар аз 20 ҳазор тонна дар як солро ташкил дода, ғайр аз ин, вобаста ба талаботи бозори дохилӣ ва хориҷӣ, содироти маҳсулоти мазкур ба нақша гирифта мешавад.

Дар корхона ба ҳисоби миёна 150-200 ҷойи корӣ таъсис дода мешавад, ки 80 фоизи онро сокинони маҳаллӣ ташкил хоҳанд дод ва илова бар ин, сармоягузор ният дорад, ки барои такмили ихтисоси мутахассисони маҳаллӣ дар Чин шароит фароҳам орад.

Ба гуфтаи намояндаи ҳукумати Тоҷикистон, воридоти таҷҳизот барои эҳтиёҷоти корхона аз андоз аз арзиши иловашуда ва боҷи гумрукӣ озод карда шуда, ғайр аз ин, муддати панҷ соли аввали фаъолият корхона умуман аз фоида андоз намесупорад.
Матолиби ҳамсон:
Шарҳи худро бинависед:
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив
Пурбаҳстаринҳо
Барои Тоҷикистон корхонаи нави алюминий зарур аст?