Душанбе
Хабарҳои охирин
» » Президенти ИМА бо роҳбарони Кореяи Ҷанубӣ ва Япония партоби мушакии Кореяи Шимолиро баррасӣ кард

Президенти ИМА бо роҳбарони Кореяи Ҷанубӣ ва Япония партоби мушакии Кореяи Шимолиро баррасӣ кард

29 ноябрь 17:36
Роҳбарони ИМА ва Кореяи Ҷанубӣ Доналд Трамп ва Мун Чжэ Ин «вокуниш» ба партоби мушакии Кореяи Шимолиро баррасӣ карда, «таҳдиди ҷиддии амалҳои беэҳтиётонаи Пхенянро ба ҷаҳон» таъкид намуданд. Дар ин бора «РИА Новости» бо истинод ба Кохи сафед хабар медиҳад.
«Ҳар ду роҳбар таҳдиди ҷиддиеро, ки охирин иғвои Кореяи Шимолӣ на танҳо ба ИМА ва Кореяи Ҷанубӣ, балки ба тамоми ҷаҳон дорад, таъкид намуданд», — гуфта мешавад дар изҳороти Кохи сафед.

Бино ба иттилои Кохи сафед, Доналд Трамп ҳамчунин ин амали иғвоангезонаи Кореяи Шимолиро бо сарвазири Япония Синдзо Абэ баррасӣ намудааст. Онҳо доир ба идома додани мубориза бар зидди таҳдиди Кореяи Шимолӣ ба тавофуқ расидаанд.

«Доналд Трамп ва Синдзо Абэ ҷонибдории худро ҷиҳати муборизаи муштарак бар зидди таҳдиди Кореяи Шимолӣ таъкид намуданд», — омадааст дар хабарномаи маъмурияти Президенти ИМА.

Ёдовар мешавем, ки шаби чоршанбе низомиёни Япония ва Кореяи Ҷанубӣ партоби мушакии Кореяи Шимолиро ба қайд гирифтанд, ки 210 километр дуртар аз соҳили Япония афтодааст. Кумитаи сардорони ситодҳои қувваҳои мусаллаҳи Кореяи Ҷанубӣ иттилоъ дод, ки мушаки партобнамудаи Кореяи Шимолӣ ба баландии 4,5 ҳазор км расида, масофаи парвози он 960 км-ро ташкил дод.
Матолиби ҳамсон:
Шарҳи худро бинависед:
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив
Пурбаҳстаринҳо
Барои Тоҷикистон корхонаи нави алюминий зарур аст?