Душанбе
Хабарҳои охирин
» » Департаменти давлатии Амрико Тоҷикистонро барои сайёҳӣ тавсия медиҳад

Департаменти давлатии Амрико Тоҷикистонро барои сайёҳӣ тавсия медиҳад

24 январь 09:24

       Оҷонсии иттилоотии «Sputnik» хабар медиҳад, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ба гурӯҳи кишварҳои аз лиҳози бехатарӣ амн ва диданибоб шомил шуд. Дар гурӯҳ, инчунинҷумҳуриҳои Туркманистон, Қазоқистон ва Ӯзбекистон низ шомил гардидаанд.

Давлатҳо аз лиҳози бехатарӣ ба чор гурӯҳ тақсим карда шудаанд. Ба гурӯҳи чорум давлатҳои Афғонистон, Эрон, Ироқ, Яман, Ливия, Мали, Сурия, Кореяи Шимолӣ, Сомали, Судони Ҷанубӣ ва Ҷумҳурии марказии Африқо ворид гардидаанд, ки дар онҳо бехатарии шаҳрвандон ва сайёҳон умуман кафолат дода намешавад.

Департаменти давлатӣ хатарҳои имконпазири дар ин кишварҳо мавҷудбударо мисли терроризм, ҷинояткорӣ, бетартибиҳои оммавӣ, фалокатҳои табиӣ ва сатҳи пасти хизматрасонии тиббӣ таъкид менамояд.

Матолиби ҳамсон:
Шарҳи худро бинависед:
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив
Пурбаҳстаринҳо
Барои Тоҷикистон корхонаи нави алюминий зарур аст?