Пожертвовать
-0.1 C
Лондон
Пожертвовать
Бахшҳо
    ДомойМуҳоҷиронМуҳоҷир Зокир Ҷалилов: Қаҳрамони имруза аз Тоҷикистон дар Руссия

    Муҳоҷир Зокир Ҷалилов: Қаҳрамони имруза аз Тоҷикистон дар Руссия

    Дар фазои ҳассоси имрӯза, ки нисбати муҳоҷирон, бахусус аз Тоҷикистон, бадбинӣ ва нафрат меафзояд, амали қаҳрамононаи Зокир Ҷалилов, ронандаи зодаи шаҳри Истаравшан, намунаи равшани инсондӯстӣ ва одоб гардид.

    Ҳодиса дар шаҳри Красноярски Русия рух дод. Дар яке аз шабҳои торик, пас аз соати 22, ба автобуси №88 кӯдаке ворид шуд, ки пул барои роҳкиро надошт. Маълуми шуд, ки кӯдак ба дигар канори шаҳр, ба маҳаллаи Зелёная Роща меравад, аммо аз сабаби надоштани телефон ва ёрирасон ӯ худро ноамн ҳис мекард.

    Зокир Ҷалилов тасмим гирифт, ки кӯдакро танҳо нагузорад. Вай пас аз анҷоми реҷаи кори худ кӯдакро то дари хонааш бурда, ба дасти модараш супорид. Ин амали ӯ боиси эҳтироми модар ва сипоси ҷомеа гардид.

    Барои ин амали инсондӯстона, департаменти хоҷагии шаҳрӣ ва нақлиёти Красноярск Ҷалиловро бо номаи ташаккур қадрдонӣ кард. Роҳбарияти корхонаи нақлиётӣ низ ваъда дод, ки ба ӯ подоши моддӣ медиҳад.

    Дар замоне, ки баъзе одамон кӯшиш мекунанд муҳоҷиронро ҳамчун бори гарони ҷомеа нишон диҳанд, амалҳои Зокир Ҷалилов исбот мекунад, ки одамгарӣ ва ҳисси масъулият нисбати дигарон аз миллату нажод болотар аст. Чунин мисолҳо на танҳо монеаҳои стереотипиро мешикананд, балки нишон медиҳанд, ки муҳоҷирон метавонанд дар ҷомеи худ саҳми босазо гузоранд.


    Больше на Хабарҳои Тоҷикистон – Садои мустақили мардум

    Subscribe to get the latest posts sent to your email.

    Минск, Беларус

    Моро пайгири кунед!

    Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “TajNews” фиристед.

    Шумораи мо (WhatsApp, Telegram): WhatsApp: +380 733 123450
    Telegram: @TajNews_org_bot

    Facebook TajNews: Ба саҳифаи мо дар Facebook пайваст шавед

    Пурбаҳс

    Пурхондатарин

    Шарҳи худро илова кунед!