Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон (ҲНИТ), ки дар Тоҷикистон ҳамчун созмони «мамнӯъ» шинохта мешавад, дар саҳифаи расмии худ дар Фейсбук эълон кард, ки низомномаи ҷадиди ҳизбро қабул кардааст. Ин изҳорот, ки пас аз муддати тӯлонӣ хомӯшӣ ва ғайрифаъолии созмони мухолифини «Паймони миллии Тоҷикистон» нашр шудааст, аввалин паёми расмии ҲНИТ пас аз таъсиси эътилофи мазкур ба шумор меравад.
Таъсиси «Паймони миллии Тоҷикистон» ва хомӯшии фаъолият
«Паймони миллии Тоҷикистон» соли 2018 дар Варшава бо иштироки ҲНИТ ва се созмони дигари мухолиф — «Анҷумани озодандешони Тоҷикистон», «Ислоҳот ва рушди Тоҷикистон» ва «Анҷумани муҳоҷирони Осиёи Марказӣ» таъсис ёфт. Гарчанде ки соли 2019 Додгоҳи Олии Тоҷикистон ин эътилофро «террористӣ-экстремистӣ» эълон кард ва онро дар кишвар масдуд намуд, Паймон фаъолияти худро расман қатъ накард. Аммо, пас аз ихтилофоти дохилӣ ва хориҷ шудани Шарофиддин Гадоев — раҳбари созмони «Ислоҳот ва рушди Тоҷикистон», Паймон амалан хомӯш монд ва дар расонаҳо дида намешуд.
Нахустин изҳороти расмии ҲНИТ пас аз хомӯшии Паймон
ҲНИТ дар авохири январ ва аввали феврали соли 2025 бо пахши баёнияе дар Фейсбук эълон кард, ки раванди ислоҳоти дохилии ҳизб ба марҳилаи нав дохил шудааст. Дар ин баёния зикр шудааст, ки дар ҷаласаи ноябри соли 2024 Раёсати Олии ҲНИТ барои таҳияи низомномаи ҷадид ситоде ташкил дода буд. Ба ҳайати ситод шахсиятҳои маъруфи ҳизб, аз қабили Муҳиддин Кабирӣ, Шоҳнаими Карим, Муҳаммадсаид Ризоӣ ва дигарон шомил гардидаанд.
Баёнияи ҲНИТ дар бораи қабули низомномаи ҷадиди ҳизб
Раёсати Олии Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон (ҲНИТ) дар ҷаласаи моҳи ноябри соли 2024 тасмим гирифт, ки бо мақсади тақвияти фаъолияти ҳизб ва пешбурди раванди ислоҳот ситоде барои таҳияи низомномаи ҷадид ташкил шавад. Ба ҳайати ин ситод Муҳиддин Кабирӣ, Шоҳнаими Карим, Муҳаммадсаид Ризоӣ, Муҳаммадҷони Нурӣ, Маҳмудҷон Файзраҳмон, Ҷанатуллоҳи Комил, Илҳомҷон Ёқубов ва Бобоҷон Қаюмов шомил гардиданд.
Ситод пас аз оғози кори худ дар ҷаласаи аввал ба ин натиҷа расид, ки барои ислоҳ ва танзими корҳои дохилии ҳизб зарурати як низомномаи нав вуҷуд дорад, ки дар шароити ҳиҷрат ҷойгузини оинномаи ҳизб бошад. Бо ин мақсад, гурӯҳи корӣ лоиҳаи низомномаро таҳия намуд. Дар моҳи декабри соли 2024 ситод лоиҳаи худро ба РО пешниҳод намуд, ки РО дархост намуд кутоҳтар карда шавад.
Раёсати Олии ҲНИТ муҳлати кори ситодро тамдид кард, то лоиҳаи мазкур бештар такмил ёбад. Дар натиҷа, ситод беш аз 10 ҷаласа баргузор намуда, пас аз баҳсу баррасиҳои ҳамаҷониба, лоиҳаи ниҳоиро барои тасдиқ ба Раёсати Олӣ пешниҳод кард.
Дар таърихи 2 феврали соли 2025 Раёсати Олӣ лоиҳаро мавриди баррасӣ қарор дод, аммо бинобар муҳтавои мураккаби он баҳсҳо дар давоми чор соат ҷамъбаст нашуданд ва ҷаласа ба рӯзи дигар мавқуф гузошта шуд. Рӯзи 3 феврали соли 2025 муҳокимаҳо идома ёфтанд ва бо ворид кардани баъзе тағйироту иловаҳо, лоиҳа ба раъйгирӣ гузошта шуд. Бо ҷонибдории аксарияти кулл, лоиҳа тасвиб ва ҳамчун низомномаи расмии ҳизб қабул гардид.
Раёсати Олии ҲНИТ ҳамзамон қарор кард, ки ин низомнома то замони бозгашт ба Тоҷикистон ба ҷойи оинномаи ҳизб амал хоҳад кард.
Қарорҳои минбаъдаи Раёсати Олӣ низ бар асоси низомномаи нав дар наздиктарин фурсат қабул хоҳанд шуд.
Раёсати Олии ҲНИТ
05. 02. 2025
Тавзеҳи иқдомоти оянда
ҲНИТ қарор дод, ки фаъолияти сиёсии худро дар шароити муҳоҷират мувофиқи низомномаи нав роҳандозӣ кунад. Низомномаи қаблӣ, ки барои фаъолияти дохили кишвар таҳия шуда буд, дар шароити ҳиҷрат дигар мутобиқ набуд.
Ин нахустин изҳороти расмии ҲНИТ пас аз хомӯшӣ ва ғайрифаъолии «Паймони миллии Тоҷикистон» ба шумор меравад. Ҳоло ҲНИТ бо қабули низомномаи ҷадид нишон медиҳад, ки ҳанӯз ҳам фаъол аст ва ният дорад, ки дар шароити муҳоҷират ба фаъолияти сиёсии худ идома диҳад. Оянда нишон хоҳад дод, ки оё ин низомнома ба равшан шудани мавқеи ҲНИТ дар фазои сиёсии Тоҷикистон мусоидат мекунад ё не.
Больше на Хабарҳои Тоҷикистон – Садои мустақили мардум
Subscribe to get the latest posts sent to your email.