Пожертвовать
4 C
Лондон
Пожертвовать
Бахшҳо
    ДомойТоҷикистонОзмуни «Пешвои созанда ва иншооти сарнавиштсоз (НБО-и «Роғун»)» ҷамъбаст шуд: ғолибон 50...

    Озмуни «Пешвои созанда ва иншооти сарнавиштсоз (НБО-и «Роғун»)» ҷамъбаст шуд: ғолибон 50 ҳазор сомонӣ ҷоиза гирифтанд

    Донишгоҳи миллии Тоҷикистон натиҷаҳои озмуни ҷумҳуриявии таҳти унвони «Пешвои созанда ва иншооти сарнавиштсоз (НБО-и «Роғун»)», ки соли 2024 эълон шуда буд, ҷамъбаст намуд. Дар нишасти матбуотии донишгоҳ зикр гардид, ки ғолибон бо ҷоизаи умумии 50 ҳазор сомонӣ қадрдонӣ шуданд.

    Дар озмун Сипеҳр Абӯабдуллоҳи Ҳасанзод, Ҷовид Муқим, Муҳаммад Ғоиб, Карим Ҳайдар ва Аламхон Кӯчарзода сазовори ҷойҳои ифтихорӣ гардиданд.

    Ғолибон ва ҷоизаҳои онҳо:

    • Сипеҳр Абӯабдуллоҳи Ҳасанзод, корманди Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷойи якум (номинатсияи роман) — 12,500 сомонӣ.
    • Ҷовид Муқим, профессори факултети журналистикаи ДМТ, ҷойи якум (номинатсияи роман) — 12,500 сомонӣ.
    • Муҳаммад Ғоиб, Шоири халқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷойи якум (номинатсияи достон) — 10,000 сомонӣ.
    • Карим Ҳайдар, мудири бахши русии Идораи барномаҳои иттилоотии «Телевизиони Тоҷикистон», ҷойи якум (номинатсияи достон) — 10,000 сомонӣ.
    • Аламхон Кӯчарзода, профессори факултети филологияи ДМТ, ҷойи дуюм (номинатсияи силсилаи ашъор) — 5,000 сомонӣ.

    Озмун дар бахшҳои гуногун, аз ҷумла роман, қисса, очерк, эссе, ҳикоя, достон, силсилаи ашъор ва мақолаҳои илмӣ-оммавӣ баргузор гардид. Ҳадафи асосии он тарғиби нақши Пешвои миллат ва иншооти стратегӣ, бахусус НБО-и «Роғун», буд.

    Ғолибон барои саҳмгузории арзандаашон дар тарғиби арзишҳои миллӣ ва илҳомбахши фарҳанги ватандӯстӣ қадрдонӣ шуданд.


    Больше на Хабарҳои Тоҷикистон – Садои мустақили мардум

    Subscribe to get the latest posts sent to your email.

    Минск, Беларус

    Моро пайгири кунед!

    Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “TajNews” фиристед.

    Шумораи мо (WhatsApp, Telegram): WhatsApp: +380 733 123450
    Telegram: @TajNews_org_bot

    Facebook TajNews: Ба саҳифаи мо дар Facebook пайваст шавед

    Пурбаҳс

    Пурхондатарин

    Шарҳи худро илова кунед!