Мо, гуруҳи «Хабарҳои Тоҷикистон» (tajnews.org), барои ҳифзи маълумоти шахсӣ ва махфияти ҳар як шахсе, ки бо мо ҳамкорӣ мекунад, пурра масъул ҳастем. Дар ин санад сиёсати махфияти мо шарҳ дода мешавад.
1. Маълумоте, ки мо ҷамъоварӣ мекунем
Мо метавонем маълумоти зеринро ҷамъоварӣ кунем:
- Маълумоте, ки шумо бо хоҳиши худ тавассути Telegram, WhatsApp ё дигар роҳҳои иртиботӣ пешниҳод мекунед;
- Ахбор ё шикоятҳое, ки шумо ба мо мефиристед;
- Маълумоти умумии ғайришахсӣ, ба монанди суроғаи IP ё маълумот барои таҳлилҳои вебсайт (агар истифода шавад).
2. Ҳифзи маълумоти шахсӣ
- Мо кафолат медиҳем, ки ҳама маълумоти пешниҳодкардаатон махфӣ нигоҳ дошта мешавад.
- Мо маълумоти шуморо ба шахсони сеюм намефурӯшем, намедиҳем ва намерасонем.
- Агар шумо хоҳед, ки маълумоти шахсии шумо аз системаи мо ҳазф карда шавад, мо ин дархости шуморо фавран иҷро хоҳем кард.
3. Истифодаи маълумот
Маълумоте, ки шумо пешниҳод мекунед, танҳо бо ҳадафи зерин истифода мешавад:
- Пешниҳоди ахбори воқеӣ ва шикоятҳои шумо ба ҷомеа;
- Беҳтар кардани сифати хидматрасонӣ ва ҳифзи манфиатҳои ҷомеа;
- Ҳифзи ҳуқуқи шумо ҳамчун манбаи иттилоот.
4. Ҳифзи манбаъҳо
- Мо тамоми имконоти техникӣ ва ҳуқуқиро барои ҳифзи манбаъҳо ва маълумоти онҳо истифода мебарем.
- Ҳеҷ як маълумоте, ки метавонад шахсияти манбаъро ошкор кунад, бе розигии хаттии шахс интишор намешавад.
5. Тамос бо мо
Агар шумо ягон савол, пешниҳоди беҳбудӣ ё дархост оиди махфият дошта бошед, бо мо тавассути ин роҳҳо тамос гиред:
- Telegram: +380 733 12450
- WhatsApp: +380 733 12450
Сиёсати махфияти мо аз 1 январи соли 2025 эътибор пайдо мекунад. Мо ҳуқуқи тағйир додани ин сиёсатро дорем ва ҳамаи тағйиротҳо дар вебсайти мо нашр карда мешаванд.
Бо эҳтиром,
Тими «Хабарҳои Тоҷикистон»
tajnews.org