5.9 C
Лондон
Бахшҳо
    ДомойИқтисодСафари Президенти Эрон ва ҳайати калони тоҷирон ба Тоҷикистон

    Сафари Президенти Эрон ва ҳайати калони тоҷирон ба Тоҷикистон

    Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Масъуд Пизишкиён рӯзҳои 15-16 январи соли равон ба Тоҷикистон сафари корӣ анҷом медиҳад. Дар доираи ин сафар, ҳайати калони тоҷирони эронӣ низ бо мақсади таҳкими ҳамкориҳои иқтисодӣ ва тиҷоратӣ ба Душанбе меоянд.

    Мувофиқи хабарҳои расида, ҳайати мазкур, ки аз намояндагони ширкатҳои пешрафтаи Эрон иборат аст, таҳти роҳбарии Самад Ҳасанзода, раиси утоқи бозаргонии ин кишвар, ба Тоҷикистон ташриф меорад. Барномаи сафар баргузории нишастҳои тиҷоратӣ ва ҳамоишҳои вижа, вохӯриҳои B2B миёни соҳибкорони ду кишвар, боздид аз марказҳои иқтисодӣ ва фарҳангии Душанбе, инчунин нишаст дар сафорати Эронро дар бар мегирад.

    Ҳамзамон дар назар аст, ки дар ҷараёни ин сафар мулоқоти сатҳи олӣ миёни роҳбарони ду кишвар баргузор гардад. Мавзӯъҳои асосии ин мулоқот рушди ҳамкориҳои тиҷоратӣ, баррасии лоиҳаҳои муштарак ва густариши муносибатҳои фарҳангӣ хоҳад буд.

    Сафари мазкур ҳамчун иқдоми муҳим барои тақвияти муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Эрон арзёбӣ мешавад ва интизор меравад, ки натиҷаҳои он дар рушди ҳамкориҳои ояндаи ду кишвар нақши калидӣ бозад.


    Больше на Хабарҳои Тоҷикистон – Садои мустақили мардум

    Subscribe to get the latest posts sent to your email.

    Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “TajNews” фиристед.

    Шумораи мо (WhatsApp, Telegram): WhatsApp: +380 733 123450
    Telegram: +380 733 123450

    Facebook TajNews: Ба саҳифаи мо дар Facebook пайваст шавед

    Минск, Белорус

    Пурбаҳс

    Пурхондатарин

    Шарҳи худро илова кунед!

    Яндекс.Метрика