Пожертвовать
-0.2 C
Лондон
Пожертвовать
Бахшҳо
    ДомойҶомеаШаффофият ё намоиш? Эъломияи дороии мансабдорон ва шубҳаҳои ҷомеа

    Шаффофият ё намоиш? Эъломияи дороии мансабдорон ва шубҳаҳои ҷомеа

    Баъд аз чанд соли баҳс, Оҷонси хидмати давлатии Тоҷикистон тасмим гирифт, ки эъломияи дороии мансабдоронро барои ҷомеа пешниҳод кунад. Дар нишасти хабарии рӯзи 28-уми январ раиси навтаъйини ин ниҳод Илёс Идрисзода ин хабарро расонаӣ кард.

    Бо вуҷуди он ки ин иқдом метавонад қадаме ба сӯи шаффофияти кори мансабдорон бошад, бисёриҳо ба самаранокии он шубҳа доранд. Маоши расмии мансабдорон ба миқёси дороии баъзеи онҳо мутобиқ нест ва эҳтимол вуҷуд дорад, ки на ҳама сарватҳои воқеии онҳо дар эъломия инъикос ёбанд.

    Қадаме ба сӯи шаффофият ё боз як бюрократия?

    Ба гуфтаи Илёс Идрисзода, масъалаи пешниҳоди эъломияи дороии мансабдорон дар сатҳи вазорату идораҳо баррасӣ мешавад, аммо ҳанӯз рӯшан нест, ки ин раванд кай пурра амалӣ хоҳад шуд.

    «Тавре бо мавод шинос шудам, кор дар мавриди ошкор кардани эъломия идома дорад. Санадҳои меъёриву ҳуқуқӣ бо вазорату идораҳо мувофиқа карда мешаванд. Баъд аз он ки хулоса муайян шуд, ба таври иловагӣ хабар медиҳем», – гуфт ӯ.

    Дар Тоҷикистон мансабдорон ҳар сол ба Оҷонси хидмати давлатӣ дар бораи дороиҳои худ ҳисобот медиҳанд, аммо ин маълумот танҳо дар доираи ҳукумат боқӣ мемонад ва барои ҷомеа ошкор намешавад.

    Шубҳаи мардум ва воқеият

    Назари сокинон ба ин иқдом яксон нест. Ёқуб Қобилов, як сокини Душанбе, мегӯяд, ки «бисёриҳо бо номи дигарон мошин мегиранд, хона мегиранд. Тиҷораташонро ҳам ошкор намекунанд».

    Роҳгузари дигар посух дод: «Ҳама дороиҳояшонро пешниҳод намекунанд. Агар донам, ягон кас ба ман ягон чиз медиҳад? Надонам чӣ? Надонистан беҳтар аст, ки хубтар хоб мекунам».

    Аммо шахси дигаре бар ин назар аст, ки пешниҳоди дороии мансабдорон ба ҷомеа аҳамият дорад ва бояд иҷро шавад, то сатҳи фасод поён равад.

    Масъалаи кӯҳна, баҳси нав

    Мавзӯи ифшои дороии мансабдорон ҳанӯз соли 2019 доғ шуда буд, вақте ки раиси пешини Оҷонси хидмати давлатӣ Ҷумъа Давлат гуфта буд, ки «ҷомеаи Тоҷикистон ба қабули он омода нест».

    Дар Тоҷикистон наздик ба 19 ҳазор хидматчии давлатӣ кор мекунанд ва ба иттилои расмӣ, маоши миёнаи онҳо 1940 сомонӣ (тақрибан 180-200 доллари амрикоӣ) мебошад. Аммо сарвати баъзе мансабдорон нишон медиҳад, ки даромади онҳо метавонад аз ҳисоботи расмӣ дида, ба маротиб бештар бошад.

    Бо вуҷуди ин, ҷомеа то ҳол мунтазири амалии шудани ин ташаббус боқӣ мемонад. Оё дар ниҳоят эъломияи дороии мансабдорон ба мардум дастрас хоҳад шуд? Ё ин танҳо як ваъдаи навбатӣ аст, ки рӯйи коғаз боқӣ хоҳад монд? Вақт посух хоҳад дод.


    Больше на Хабарҳои Тоҷикистон – Садои мустақили мардум

    Subscribe to get the latest posts sent to your email.

    Минск, Беларус

    Моро пайгири кунед!

    Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “TajNews” фиристед.

    Шумораи мо (WhatsApp, Telegram): WhatsApp: +380 733 123450
    Telegram: @TajNews_org_bot

    Facebook TajNews: Ба саҳифаи мо дар Facebook пайваст шавед

    Пурбаҳс

    Пурхондатарин

    Шарҳи худро илова кунед!