Душанбе
Хабарҳои охирин
» » Маҳмадсаид Убайдуллоевро ба Покистон даъват карданд

Маҳмадсаид Убайдуллоевро ба Покистон даъват карданд

28 ноябрь 18:01
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев ҷаноби Муҳаммад Талҳа Маҳмуд - раиси Кумита оид ба сохторҳои давлатии Сенати Ҷумҳурии Исломии Покистон, ҳамзамон роҳбари гуруҳи дӯстии байнипарлумонии Тоҷкистону Покистонро бо ҳайати ҳамроҳонаш, ки дар доираи робитаҳои байнипарламентӣ ба шаҳри Душанбе ташриф овардаанд, ба ҳузур пазируфт.

Тавре ёвари раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии ҶТ оид ба робита бо ВАО ва ташклотҳои ғайридавлатӣ Наврӯз Қурбонзода хабар дод, зимни мулоқоти самимӣ Маҳмадсаид Убайдуллоев аз ташрифи меҳмонон изҳори қаноатмандӣ намуда, таъкид дошт, ки робитаҳои дӯстӣ ва пайвастаи фарҳангии  дуҷонибаи мо аз гузаштаи дури таърих маншаъ гирифта, баъди сохибихтиёрӣ марҳилаи сифатан навро касб намуда, тавассути муносибатҳою ҳамкориҳои мутақобилан  судманд бо ташаббуси сарони давлатҳоямон ва санадҳои баимзорасидаи ҷонибҳо заминаи мустаҳками ҳуқуқиро доро гардида, рушди минбаъдаю татбиқи бомароми онҳоро муайян  намудаанд, ки дар ин замина тақвияту таҳкими робитаҳои байнипарлумонӣ тақозои замон мебошад.

Дар ҷараёни мулоқот М.Убайдуллоев  афзуд, ки ин сафар дар фаъолияти гурӯҳҳои дӯстӣ ва ҳамкории байнипарламентӣ миёни Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон ва Сенати Покистон саҳми босазо хоҳад гузошт, зеро муносибатҳои мавҷудаи ҳар ду давлат, самтҳои муайяни ҳамкорӣ дар соҳаҳои гидроэнергетика, махсусан татбиқи лоиҳаи CASA-1000 ва Созишномаи чорҷонибаи транзитӣ, саноати сабук, коммуникатсия, кишоварзӣ, сайёҳӣ, маориф ва фарҳанг бо истифода аз имкониятҳои парламентҳо баҳри таъмини рушди устувори кишварҳо пайваста заминаи воқеӣ мегузоранд.

Бахусус таъкид гашт, ки дар ояндаи наздик бо фароҳам гардидани заминаҳои инфрасохторӣ роҳандозӣ шудани лоиҳаи Долони иқтисодии Чину Покистон барои пешрафти иқтисодии кишвари мо низ тавассути баромадан ба бандарҳои Қарочию Гвадар ва ба инвасила ба роҳ мондани табодули анборҳо байни минтақаҳои озоди иқтисодии навбунёди мамлакатҳоямон бе баҳра нахоҳад буд ва оид ба ҳарчи зудтар мавриди амал қарор гирифтани лоиҳаи мазкур Тоҷикистон манфиатдор аст.

Ҳамзамон Маҳмадсаид Убайдуллоев зикр намуд, ки Тоҷикистон ва Покистон ҳамчун узви Коалитсияи зидди­тер­ро­рис­тӣ дар таъмини амнияти минтақа ва ҷаҳон манфиатдор буда, вобаста аз тазодҳои шаклдигаркунандаи вазъу муносиботи ҷомеаи ҷаҳонӣ таҳкими фаъолияти Гурӯҳи кории муштараки мубориза бар зидди терроризми байналмилалиро дар асоси Созишномаи байниҳукуматии аз соли 2014 таъсисёфтаро амри воқеӣ меҳисобанд.

Идома бар он иброз дошт, ки танҳо фаъолияти муштараки хайрхоҳонаи ҷонибҳои марбута дар ҳамкорию ҳамраъйӣ баҳри таъмини Афғонистони босубот метавонад кафили осудагии минтақа  ва рушди муттасили он гардад.

Раиси Маҷлиси миллӣ бо қаноатмандӣ сатҳи матлуби ҳамкориҳо бо Покистонро дар чаҳорчӯбаи созмонҳои ҷаҳонию минтақавӣ, аз ҷумла Созмони Милали Муттаҳид, Созмонҳои ҳамкории Шанхай, созмонҳои ҳамкории иқтисодӣ ва ҳамкории исломӣ арзишманд дониста, барои пуштибонӣ аз мавқеъ ва ташаббусҳои созандаи Сарвари давлат ва Ҳукумати кишвар дар созмонҳои байналмилалӣ арзи сипос намуд.
Ҷаноби Муҳаммад Талҳа Маҳмуд дар навбати худ, қабл аз ҳама бо ироаи паёми шодбошии Миан Раза Раббонӣ - Раиси Сенати Ҷум­ҳу­рии Исломии Покистон, аз мавқеъ ва назари Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев ҷонибдорӣ намуда, изҳор дошт, ки ҷониби Покистон омода аст баҳри татбиқи ҳадафҳои мутаносибан судманд қадамҳои боз ҳам устувор ниҳад.

 Ҳамзамон баҳри тавсеаи муносиботи байнипарламентӣ аз Раиси Маҷлиси миллӣ даъват ба миён овард, ки дар муҳлатҳои барояшон мувофиқ ба Покистон бо сафари расмӣ ташриф оварад, ки бо қаноатмандӣ пазируфта шуд.
Матолиби ҳамсон:
Шарҳи худро бинависед:
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив
Пурбаҳстаринҳо
Барои Тоҷикистон корхонаи нави алюминий зарур аст?