Душанбе
Хабарҳои охирин
» » Дирафш. Эҳтиром ба он эҳтиром ба арзишҳои деринаи таърихист

Дирафш. Эҳтиром ба он эҳтиром ба арзишҳои деринаи таърихист

29 ноябрь 12:46
Дар китобҳои таърихӣ ва достонҳои безаволи миллати мо нақлу ривоёти фаровоне ҷой доранд, ки ҳамагӣ аз ҷонсӯзиву ҷонсупории қаҳрамонони миллӣ барои ҳифозати парчам ҳикоят мекунанд. Суннати деринаи ниёкони мо будааст, ки агарчи дар ҳама гуна ҷангу пархош ва набардҳо ба шикаст мувоҷеҳ мешуданд, пеш аз ҳама, кӯшиш менамудаанд, ки Парчами миллиро бо худ бубаранд, то он ба дасти душман наафтад. Аз ин рӯ, эҳтиром ва арҷ гузоштан ба Парчам маънои эҳтирому арҷгузорӣ ба арзишҳои деринаи таърихӣ ва фарҳангиву маънавии миллӣ ва гузашта аз ин, эҳтироми миллат ва давлату давлатдорӣ мебошад. 

Дар ҷаҳони муосир ҳар як давлати соҳибихтиёр тавассути парчами он муаррифӣ мегардад. Зеро Парчам дар баробари  Конститутсия, Нишон ва Суруди миллӣ аз ҷумлаи муқаддасоти милливу давлатӣ маҳсуб мешавад. Шинохти оини ватандорӣ, иқболу иттиҳод ва маҳсули ояндасози ин арзишҳои олии инсонӣ дар арсаи сиёсатҳои кунунӣ, пеш аз ҳама, дар ҳастии рангу рамзҳои Парчами давлатии Тоҷикистон ҳамчун яке аз муқаддасоти бузурги ин миллат нуҳуфтааст, ки шарҳи дақиқназаронаи ин мафҳумро боз ҳам Сарвари давлатамон барои тамоми тоҷикистониён бо беҳтарин ваҷҳ изҳор доштаанд: «Ҳар як фарде, ки имрӯз ба назди Парчам ва Нишони миллӣ меояд, хуб эҳсос мекунад, ки ин ду рамз ифодакунандаи иқболу истиқлол, иттиҳоду сарҷамъӣ, нангу номус, ватандӯстиву ватанпарастӣ ва ҳувияти миллии мардуми куҳанбунёду фарҳангии мо буда, мақсаду мароми неки тоҷиконро дар ҷилои рангҳои худ инъикос намудаанд». Таъкиди Пешвои миллат махсус ба рангҳои Парчами миллӣ беҳикмат набудааст, балки ишорат ба саргаҳи таърихи давлатдории тоҷикон мекунад, ки ҳамеша дар шинохт ва муайян кардани шукӯҳи миллӣ дар сурати Парчам ба рангҳои он таваҷҷуҳ зоҳир менамудаанд. Ба таъбири дигар, ҳанӯз дар замони ҳастии Дирафши Коваёнӣ будааст, ки интихоб ва ҷойгузинии рангҳои хоссаи пурмаънӣ, ки ба шарафу номус ва эътибори олии инсонӣ ишорат доранд, дар меҳвари оини парчамдории миллии мо ҷой гирифтаву ин рангҳо ба рамзи ҳидоят бадал шудаанд. 

Бахтиёр КАМОЛОВ, 
директори муассисаи давлатии таълимии
коллеҷи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон,
Сорбон АМАКОВ, 
Омӯзгор
Матолиби ҳамсон:
Шарҳи худро бинависед:
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив
Пурбаҳстаринҳо
Барои Тоҷикистон корхонаи нави алюминий зарур аст?