Душанбе
Хабарҳои охирин
» » Тоҷикистон. Имкониятҳои сармоягузорӣ дар музофоти Хинан муаррифӣ шуд

Тоҷикистон. Имкониятҳои сармоягузорӣ дар музофоти Хинан муаррифӣ шуд

29 ноябрь 12:52
Бо ибтикори Шӯрои рушди тиҷорати байналмилалии Ҷумҳурии Мардумии Чин ва ҳамдастии ҳукумати музофоти Хинан дар шаҳри Чангша Конфронси байналмилалии сармоягузории фаромарзии ширкатҳои Чин - 2017, бо ҳузури беш аз 600 соҳибкор, баргузор гардид.

Бар пояи иттилои Вазорати корҳои хориҷии кишвар, дар доираи конфронс, бо мақсади ҷалби соҳибкорони чинӣ ба иқтисодиёти кишвар, бо ташаббуси Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Мардумии Чин, дар ҳамкорӣ бо Иттиҳодияи захираҳои табиии Шанхай Хайчэн (China Global) ва дастгирии Шӯрои рушди тиҷорати байналмилалии Чин, ҷамъомади вижа доир шуд. Дар он имкониятҳои васеи ҳамкорӣ ва сармоягузорӣ дар мамлакат, аз ҷумла Минтақаи саноатии Тоҷикистон-Чин, рӯнамоӣ гардид.

Сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Мардумии Чин Парвиз Давлатзода дар ин ҳамоиш, ки беш аз 200 намояндаи ширкатҳои аъзои Шӯрои рушди тиҷорати байналмилалии Чин, роҳбарият ва кормандони сафоратҳои кишварҳои хориҷӣ, тоҷирон ва доираи васеи хабарнигорон ҳузур доштанд, бо наворҳои таблиғотӣ ҷазобат ва имкониятҳои кишварро барои ҳамкорӣ ва сармоягузорӣ дар самтҳои гуногуни фаъолият муаррифӣ намуд.

Муовини директори генералии Иттиҳодияи захираҳои табии Шанхай Хайчэн Ҷанг Ҷиеюан зимни суханронӣ талошҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, хусусан таваҷҷуҳ ва дастгириҳои бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба сармоягузорони хориҷӣ, ҷиҳати беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ дар кишвар, махсус таъкид карда, диққати ширкаткунандагонро ба пойдории сулҳу суботи комил дар Тоҷикистон, боэътимод будани сармоягузорӣ ва фаъолияти корӣ барои ширкатҳои чинӣ ҷалб сохт.

Ба иттилои манбаъ, дар доираи ин чорабинӣ сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Мардумии Чин Парвиз Давлатзода, ҳамчунин, бо роҳбарияти шаҳри Чангша, Шӯрои рушди тиҷорати байналмилалии Чин ва Ширкати «China Global» перомуни ҳамкориҳои мутақобилан судманд табодули афкор намуд.

Додоҷон РӮЗИЕВ, «Ҷумҳурият»
Матолиби ҳамсон:
Шарҳи худро бинависед:
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив
Пурбаҳстаринҳо
Барои Тоҷикистон корхонаи нави алюминий зарур аст?