Созмони Милали Муттаҳид аз Ҳукумати Тоҷикистон дархост кардааст, ки аз депорти муҳоҷирони афғонистонӣ, ки ҳамчун паноҳҷӯ дар кишвар қарор доранд, худдорӣ намояд. Ба гуфтаи Намояндаи олии СММ дар умури паноҳандагон, ихроҷи онҳо ба Афғонистон метавонад боиси озору азият ва шиканҷа гардад.
Ин изҳорот 27-уми январ нашр шуд ва дар он қайд гардидааст, ки ба гузориши манбаъҳо, дар моҳҳои охир чанд муҳоҷири афғонистонӣ аз Тоҷикистон депорт шудаанд.
Тоҷикистон тайи чанд даҳсола макони умеди ҳазорон афғонистонӣ будааст, ки аз солҳои 1990 ба ин сӯ ба кишвар муҳоҷират кардаанд. Хусусан пас аз дубора ба қудрат расидани гурӯҳи Толибон дар Афғонистон, ҳазорон нафар ба хотири наҷот аз таъқибу таҳдидҳои ин гурӯҳ ба кишварҳои гуногун, аз ҷумла Тоҷикистон, рӯй овардаанд.
Раванди депорти муҳоҷирони афғонистонӣ на танҳо дар Тоҷикистон, балки дар кишварҳои дигар, аз ҷумла Эрон, Туркия ва Олмон, низ суръат гирифтааст. Дар ин замина, Созмони Милал инчунин ба Покистон ҳушдор додааст, ки аз ихроҷи паноҳҷӯёни афғонистонӣ худдорӣ кунад.
Ин масъала дар сатҳи байналмилалӣ низ баҳсбарангез шудааст. Дар заминаи сиёсати муҳоҷират, ҳатто дар кишварҳое чун ИМА, таҳти роҳбарии Доналд Трамп, вуруди паноҳҷӯёни афғонистонӣ маҳдуд шуда буд. Паноҳандагоне, ки замоне бо ИМА ҳамкорӣ доштанд, ҳоло аз бозгашт ба Афғонистон метарсанд, зеро хатари шиканҷа ва бадрафторӣ аз ҷониби Толибон онҳоро таҳдид мекунад.
Созмони Милал аз ҳукуматҳои кишварҳои мухталиф даъват мекунад, ки барои муҳофизати паноҳҷӯён тадбирҳои қонунӣ ва инсонпарваронаро роҳандозӣ кунанд.
Больше на Хабарҳои Тоҷикистон – Садои мустақили мардум
Subscribe to get the latest posts sent to your email.