Душанбе
Хабарҳои охирин
» » Бонки Осиёии Рушд дар 5 соли оянда барои дастгирии Стратегияи ҲИМОМ-2030 5 млрд доллари америкоӣ пешниҳод менамояд

Бонки Осиёии Рушд дар 5 соли оянда барои дастгирии Стратегияи ҲИМОМ-2030 5 млрд доллари америкоӣ пешниҳод менамояд

28 октябрь 17:05
Бонки Осиёии Рушд дар 5 соли оянда   барои дастгирии Стратегияи ҳамкории иқтисодии минтақавии Осиёи Марказӣ (ҲИМОМ)-2030  5 млрд доллари америкоӣ пешниҳод менамояд. Дар ин бора президенти Бонки Осиёии Рушд (БОР) Такехико Накао дирӯз зимни нишасти матбуотӣ оид ба натиҷаҳои сафараш ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ва иштирок дар Ҷаласаи 16—уми Конференсияи вазирони Барномаи ҳамкории иқтисодии минтақавии Осиёи Марказӣ иброз намуд.

Президенти БОР ҷаласаи баргузоргардидаро бисёр муҳим ва дар сатҳи олӣ арзёбӣ намуд. Зеро дар он Стратегияи ҲИМОМ барои давраи то соли 2030 қабул гардид. Аз ҷониби дигар иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро боиси шарафмандӣ хонда, иброз намуд, ки: «Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки худ ба ҷамъомади мо шукӯҳи хосса бахшиданд. Дар суханронии ҳамаҷониба ва инчунин равшанидиҳандаи муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мо тамоми ҷабҳаҳои ҳамкориро дар доираи Барномаи мазкур бори дигар шунидем ва иқрор гардидем».

Ҳамзамон зикр шуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 1998 ба БОР шомил гардида, соли 2003 намояндагии доимии Бонк дар Тоҷикистон ифтитоҳ гардидааст. Ба маълумоти президенти БОР, дар доираи фаъолияти ин ниҳод дар ҶТ якчанд барномаву лоиҳаҳо ба маблағи умумии 1,5 млрд доллари амрикоӣ  дастгирӣ шудаанд, ки онҳо барои беҳтар гардидани соҳаҳои нақлиёт, энергетика, рушди босубот ва инчунин беҳтар намудани баъзе аз неругоҳҳои ҶТ равона гардидаанд.

«Мо имрӯз соҳаҳои афзалиятноки ҶТ, ба монанди нақлиёт ва роҳро дастгирӣ карда истодаем. Илова бар ин, барои дастгирии буҷети ҶТ БОР соли гузашта ҷудо намудани 50 млн доллари амрикоиро тасдиқ намуд, ки интизор аст ин маблағ ба наздикӣ,  дар аввали моҳи ноябр ба ҶТ интиқол дода шавад»,-илова намуд Такехико Накао.

Бино ба иттилои Такехико Накао, дар солҳои 2018-2020 барои рушд ёфтани занҷираи арзиши иловагии соҳаи кишоварзӣ, беҳтар намудани роҳҳои ҶТ ва дигар соҳаҳои муҳим аз ҷониби БОР дастгирӣ ёбад. Ҳамзамон зикр гардид, ки: «Мо ҳоло дар арафаи муҳокима қарор дорем, ки кадом соҳаҳоро дар се соли оянда ҳамчун соҳаҳои афзалиятнок қабул намоем ва ният дорем, ки дар ин давра ба ҶТ тақрибан 300 млн доллари амрикоӣ пешниҳод намоем».

Президенти БОР аз ҳамкориҳои муфид бо Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки соҳаҳои энергетика, идоракунии захираҳои об, канданиҳои фоиданок, соҳаи кишоварзӣ, сайёҳӣ  ва дигар соҳаҳоро дар бар мегирад, изҳори қаноатмандӣ карда, иброз намуд, ки «соҳаҳои сайёҳӣ, кишоварзӣ ва рушди инсонӣ дар ҶТ яке аз соҳаҳои ояндадор мебошанд, ки барои рушди макроиқтисодии кишвар метавонад кумаки калон расонад».
Дар нишасти матбуотӣ ҳамчунин Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Неъматулло Ҳикматуллозода иштирок дошта, зикр намуд, ки дар фарҷоми конференсия Стратегияи нави ҲИМОМ -2030 ва «Декларатсияи Душанбе» ба тасвиб расид.
 
Мавҷуда АНВАРӢ
АМИТ «Ховар»
Матолиби ҳамсон:
Шарҳи худро бинависед:
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив
Пурбаҳстаринҳо
Барои Тоҷикистон корхонаи нави алюминий зарур аст?