Душанбе
Хабарҳои охирин
» » Экстремизм ва зарари он дар ҷомеа

Экстремизм ва зарари он дар ҷомеа

22 декабрь 16:30

Нафсу шайтон мебаранд аз раҳ туро,

То биандозанд андар чаҳ туро

фармудааст Фаридаддуни Аттор.

Кору кирдори ношоиста, амали номатлуб касро аз роҳи дурусти ҳаёт гардонида, ӯро рӯ ба табоҳиву заволӣ меорад.

Яке аз қазияҳои мураккаб ва мубрами рӯз дар солҳои охир экстремизм ба ҳисоб рафта, он ба экстремизми сиёсӣ ва динӣ ҷудо мешавад. Ин ҷараён дар солҳои охир дар шаклҳои гуногун дар ҳамаи давру замонҳо вуҷуд дошта, вобаста ба раванди муносибатҳои ҷамъияти дар ҷомеа таъсири худро расонидааст. Имрӯзҳо тариқи оинаи нилгун он ҳама зулму ситаме, ки ба инсон аз ҷониби инсони дигар расонида мешавад, тариқи хабарҳои сиёси намоиш дода мешавад.

Маънои калимаи “экстремизм” ин раванди ҷонибдории усулҳои ифроти ба шумор меравад, ки аз ҷониби гуруҳҳо ва ҳизбҳои сиёсӣ ва ҳатто баъзе давлатҳо созмон ва дастгири низ меёбад. Агар дар шароити имрӯза ба қазия назар афканем, пеш аз ҳама экстремизм ба сиёсат дахл намуда истодааст, ки ин тазоҳуротро дар ниҳоди ҳамаи динҳо низ эҳсос кардан мумкин аст. Инсоне, ки дар шароити имрӯза умр ба сар мебарад, бояд доимо аз тинҷию амони ва пояндагии давлати худ ва давлати ҳамсоя шукргузор бошад. Чунки маҳз дар натиҷаи тинҷию амони инсони комил соҳиби илму маърифат, касбу кор ва ҳаёти осоиштаи оилави сазовор гашта метаваонад.

Зарурияти оиди бори дигар, ҷиддитар ва бо масъулият оиди масъалаи тероризм нуқтаи назар намудани мо ҷомеаи имрӯза низ дар ҳамин асос гирифтааст. Барои рафъи норасоиҳо ва тарбияи дурусти шаҳрвандон ва ҷавонони имрӯзи ҷомеа ба мо калонсолон ва шахсони бофарҳанг лозим аст, ки аз матбуоти даври, синамо, радио ва шабакаҳои интернетӣ самаранок истифода бурда, ҷавононро дар руҳияи ватандустӣ, инсондӯстӣ ва пос доштани дину оини худ тарбия намоем ва нагузорем, кипои нохалафе, ақидаи бегонае ҷомеаи навини моро халалдор созад.

Дар ин ҷода ба мо зарур аст, ки пеш аз ҳама рӯба мактабу маориф биорем . Чунки маҳз ҷавонони гумроҳ ва шахсони бефарҳанг метавонанд ба ин гурӯҳҳо шомил шаванд. Дар Ҷумхурии Тоҷикистон ба шаҳрвандон зарур аст, ки ҳарчи бештар фарзандони худро ба омузиши илму дониш ва омухтани касбу ҳунари имрӯза равона созанд, то ки ҷавонон ва ҷомеаи навини имрӯза рӯ ба табоҳӣ наорад. Чи қадар ба шабакаҳои интернетӣ назар афканем он ҳама ҷавононе, ки ба ин гуруҳҳо шомил шудаанд, дар онҳо ҳисси пушаймонӣ дида мешавад. Пас биёед ин кишвару миллатро аз ҳама беҳуқуқию нооромӣ дар якҷоягӣ нигоҳ дорем ва барои ин Ватан лозим шавад, ҷони худро нисор намоем.



Омӯзгоримуассисаи №16-и

н. Шоҳмансури шаҳри Душанбе

Қурбонова Ҷ.И.20.12.2017

Матолиби ҳамсон:
Шарҳи худро бинависед:
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив
Пурбаҳстаринҳо
Барои Тоҷикистон корхонаи нави алюминий зарур аст?