Душанбе
Хабарҳои охирин
» » «Қадам ба қадам» - шиори «Ихвон-ул-муслимин»

«Қадам ба қадам» - шиори «Ихвон-ул-муслимин»

22 декабрь 17:39

«Қадам ба қадам» - шиори «Ихвон-ул-муслимин»


Яке аз равияҳои куҳантарини исломи сиёсӣ, ки соли 1928 аз тарафи Ҳасан Ал-банна олим ва муаллими мактаб дар шаҳри Исмоилияи Миср таъсис ёфт, ҳаракати панисломии Ихвон –ул-муслимин ё ҷомеаи бародарони исломӣ ба ҳисоб меравад. Ҳадафи ниҳоии ихвон-ул-муслимин ташкили хилофати исломӣ мебошад, ки ба қавли пешвоёнашон Ҳасан Ал-банно ва Саидқутб бояд аз Испания то Филлипину Индонезия густариш ёбад. Дар ин хилофат Қуръон ва Суннат бояд ба марҷаоти ягонаи танзими зиндагии оилавӣ, фардӣ, ҷамъӣ ва давлатии мусалмонон табдил ёбад.

Тибқи принсипҳои ихвон ул муслимин ҳадафи якуми онҳо аз он иборат аст, ки бояд шариат танзими асосии умури иҷтимоию давлатиро дар дасти худ дошта бошад. Ҳадафи дуюми онҳо мутаҳид кардани кишварҳои исломӣ ва ба вуҷуд овардани хилофати исломӣ дар саросари ҷаҳон. Дар ин ҳадафи ниҳоӣ ва фундаменталӣ байни созмонҳо ва ҷараёнҳои гуногуни исломи сиёсӣ аз ҷумла ваҳобия, алқоида, салафия, ҳизби таҳрир, ДИИШ фарқияти принсипиалӣ вуҷуд надорад. Бар хилофи дигар равияҳои исломи сиёсӣ ихвониҳо барои расидан ба ҳадафи ниҳоии худ, ки ташкили хилофати исломии фаромиллӣ ва умумиҷаҳонӣ аст, аз усулҳои хоси худ махсусан аз усули қадам ба қадам истифода мебарад. Принсипҳои асосии усули қадам ба қадам инҳоянд: ташкил кардани ниҳодҳо ва ячейкаҳои алтернативии худ дар кишварҳое, ки фаъол ҳастанд. Тарѓиби илмҳои технологӣ аз он ҷумла калому ирфон ва шахсиятҳои таърихии ин илмҳо. Ташкили ҳизбу ҳаракатҳои сиёсӣ ва ҷамъиятӣ. Демогогияи ихвон-ул-муслимин. Исломисозии ҷомеа ва давлат «аз боло». Қатли шахсиятҳое, ки муқобили ин ҷараён ҳастанд.

Ихвониҳо дар муддати замони мавҷудияти худ дар кишварҳои гуногун ниҳодҳои худро бо номҳои гуногун таъсис додаанд. Онҳо барои расидан ба ҳадафҳои худ дар кишварҳои исломӣ мактабҳо, донишгоҳҳо, дармонгоҳҳо, фондҳои хайрия барои камбизоатон ва донишҷўён, бонкҳои исломӣ, меҳмонхонаҳо, ширкатҳои туристӣ ва марказҳои туристӣ ташкил медиҳанд ва ба ин восита онҳо созмонҳои миссионерӣ - мазҳабӣ, хайривӣ ва молдиявии исломӣ ташкил дода дар зери назорати худ медароваранд. Ҳамин аст, ки ихвон-ул-муслимин ба шабакаи байналмилалӣ табдил ёфта, даромадҳои худро аз ҳисоби аъзоҳаққӣ аз ҳисоби хайрияҳо ва аз ҳисоби дастгирии аъзоён ва тарафгиронаш, ки дар кишварҳои натфхези халиҷи форс мустақаранд, ба роҳ монда мешавад. Ихвон-ул-муслимин дар сар то сари ҷаҳон садҳо гурўҳҳои худро бо номҳои гуногун таъсис додаанд, ки барои расидан ба ҳадафҳои онҳо фаъолият менамоянд. Қудратҳои ҷаҳонӣ барои расидан ба ҳадафҳои худ ва барои таҳти нуфуз нигоҳ доштани минтақаҳои муайяни мусалмоннишини ҷаҳон аз исломи сиёсӣ ва махсусан аз ихвон-ул-муслимин ва шабакаҳои ба он тобеъ дар ҳолатҳои зарурӣ истифода менамоянд ва онҳоро таъмини молиявӣ ва таҷҳизоти ҳарбӣ менамоянд.

ҲНИТ шохае аз ихвон-ул-муслимин буда, аксари роҳбарони он дар асоси китобҳои саркардагони ихвонӣ Саидқуб ва Муҳаммадқубҳадафҳои худро барои бунёди давлати исломӣ ба роҳ мондаанд. Ихвониён чун ҳадафашон таъсиси як хилофати густурда буд, аз ин рў дар собиқ шўравӣ барои таъсис додани ячейкаҳои худ дар минтақаҳои мусалмоннишини ин кишвар таъсиси гурўҳҳои худро аз солҳои 70-уми асри 20 дар шакли пўшида ва пинҳонӣ таъсис дода, дар солҳои охири мавҷудияти шўравӣ, ки бозсозиву ошкорбаёнӣ ба вуҷуд омад, ба муборизаи ошкоро гузаштанд ва ҳизби наҳзати Иттиҳоди Шўравӣ ва ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистонро дар заминаи он расмият бахшиданд. Мусаллам аст, ки роҳбарони ҲНИТ чун аз хориҷи кишвар ва махсусан аз ҷониби ихвон-ул-муслимин дастгирӣ меёфтанд, дар як муддати кўтоҳ бо роҳи пур кардани фазо аз афкори демогогӣ дар байни авом нуфўз пайдо намуданд. ҲНИТ пурра методҳои ихвониро истифода менамуд ва дар аксар маврид аз мавқеи методи «қадам ба қадам» истифода намуда, дар саросари Тоҷикистон ячейкаҳо ва гурўҳҳои худро таъсис дода буд. Ҳамчунин тиҷоратҳои гуногун ташкил карда, барои афкори ҷомеаро дар зери нуфузи худ нигоҳ доштан воситаҳои ахбори умумро сармоягузорӣ мекард ва шахсиятҳои мазҳабиро ва зиндагонии мазҳабӣ аз ҷумла пўшиши ҳиҷоб ва амсоли инро таблиѓ менамуд ва фазои иттилотии кишварро дар зери таъсири худ гузошта буд. Ҳамчунин ҲНИТ аз методи «қадам ба қадам», ки яке аз вижагиҳояшҳамкории байни мазҳабӣ (шиъа ва сунъӣ) аст истифода мебурд. Ин тактикаро созмону доираҳои динӣ дар Баҳрайн, Эрон ва Фаластин ҳам истифода менамоянд. Ҳамин аст, ки онҳо дар тўли фаъолияти худ гоҳ дар оѓўши Эрон ва гоҳ дар оѓўши Туркия ва ихвониёни мисрӣ ва дигар кишварҳо қарор доштанд. Аз ин рў, ҲНИТ низ барои расидан ба ҳадафҳои хеш дар зоҳир гўё оромона ва мисли Ихвониҳо кўшиш менамоянд, ки чунин бовариро дар зеҳни авом ба вуҷуд оваранд, ки ягона пушту паноҳи ислом ва мусалмон онҳоянд ва бояд мусалмонон ба онҳо дар ҳама маврид такя намоянд. Чунин найранг дар зеҳни мардум метавонад, ҳолатеро ба вуҷуд оварад, ки ихвониён ба хотири манфиатҳои онҳо кор мекунанд. ҲНИТ низ баъди расидан ба оштии миллӣ тайи солҳои 1997-2015 аз ин шеваҳои ихвонӣ кор гирифта, сараввал сарони ин ҳизб марказҳои тиҷоратии мухталиф таъсис доданд ва шаклҳои гуногуни бизнесро, аз ҷумла бо роҳи ҷамъоварии эҳсону хайрия ба роҳ монданд, баъдан бо роҳи худнамоӣ ва таҳти таъсир гирифтани фазои иттилоотӣ корҳои оддитарини хешро мавриди таблиѓ қарор доданд. Оҳиста – оҳиста онҳо дар зеҳни гурўҳҳои муайяни кишвар худро чунон вонамуд карданд, ки онҳо аз ислому мусалмонӣ мегўянд ва ҳизби онҳо ҳизби худост. Яъне бо роҳи ақидатӣ қадам ба қадам бо демогогияи худ зеҳнҳои мардумротеррори ақидатӣ карданд. Аъзоёни ҲНИТ ба мисли ихвониҳо аз демогогия зиёд истифода менамоянд ва шиорҳои озодӣ, демократия, баробарӣ ва озодии матбуотро ба миён мегузоранд, ки чунин шиорҳо дар воқеияти исломи сиёсӣ тадбиқнашавандаанд. Агарчи онҳо дар як давраи кўтоҳ то замони расидан ба ҳадафҳои худ аз ин шиорҳо истифода менамоянд, вале ҳангоми қудратро ба даст гирифтан, онҳобаръакс амал менамоянд. Масалан Муҳаммад Мурсӣ, ки худ ихвонӣ буд, дар муддати кўтоҳи президентиаш дар Миср барои аз байн бурдани принсипҳои демократӣ кушиш карда ҳатто ба таѓийр додани кониститутсияи ин кишвариқдом намуд ва як қатор қарорҳоеро қабул намуд, ки зидди принсипҳои демократия ва озодӣ буданд. ҲНИТ ва пайравонаш дар замони фаъолияти расмиашон чунин вонамуд мекарданд, ки гўё онҳо ба мушкилоти сиёсию иқтисодии кишвар ягон дахл надорандва ҳамаи ҷурмро бар сари Ҳукумат ҳавола менамуданд ва худро пуштибони озодиву адолат ва демократия ба намоиш мегузоштанд. Айни ҳол низ роҳбарону масъулонидар кофтуков қарордоштаи ин ҳизби мамнуъи террористӣдар хориҷи кишвар бо фазилатфўрушиву демагогия ба бадномсозии роҳбарият ва ҳукумати кишвар машѓул буда, бо роҳи бечоранолӣ дар назди созмонҳои байналмиллалӣ аз адолату демократия ва ҳуқуқу озодиҳои инсон ҳарф мезананд. Барои фиреби назарроҳбари ин ҳизб ҳамеша бо галстуку либоси ѓайримазҳабӣ дар назди мардум зоҳир мешуд. Ҳамчунин пайваста дар матбуоти даврии вақт таблиѓ шудани шахсиятҳои исломӣ ва нашри фатвоҳоирўҳониён яке аз ҳадафҳои дигари ором- ором табдил додани ҷомеаи дунявӣ ба ҷомеаи динии сиёсӣ буд. Аз таърихи ихвониҳо маълум аст, ки усули «қадам ба қадам», ки роҳи ором- ором исломӣ кардани ҷомеа аст, доимӣ набуда, он танҳо дар шароите ба кор бурда мешавад, ки ҳукумати рўз қудратмандтар аз ихвониҳо бошад. Чунончӣ дар собиқ Иттиҳоди Шўравӣ ихвониҳо дар солҳои 70-ум, ки ҳукумати вақт ниҳоят пурқудрат буд, тактикаи қадам ба қадамро истифода намуданд ва ҳаракатҳои исломие аз қабили гурўҳи исломии Тошканд ва ҳалқаи Ҳиндустонӣ таъсис дода фаъол намуданд, ки асосан барои паҳн кардани таблиѓоти адабиёти исломӣ дар байни аъзои ҷомеа ва ҷалби ҷавонон ва махсусан донишҷўён ба ин гурўҳ сафарбар карда шуда буд. Дарсолҳои 90-ум бо кам шудани қудрати сиёсии Иттиҳоди Шўравӣ усули нав яъне «сиёсати зуроварӣ»-ро пеш гирифтанд.Дар ҳамин замина Ҳизбинаҳзати исломии Тоҷикистонро созмон дода, бо истифодаи сиёсати зўроварӣ вазъиятро дар кишвар ноором сохтанд ва сохти конститутсиониро аз байн бурданд. Сабаби асосии сар задании ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон маҳз сиёсати зўроварии ихвонипешаи ҲНИТ буд.

Ҳодисаҳои моҳи сентябри соли 2015 дар Тоҷикистон низ бозгўкунандаи он аст, ки ҲНИТ бо Ихвон-ул-муслимин пайванди наздик дорад ва дар ҳар вазъияте аз усулҳои хоси фаъолияти он истифода менамояд. РоҳбарониҲНИТ мутақоид буданд, ки онҳо дар кишвар бо методи қадам ба қадам тарафдорони зиёдеро соҳиб гардидаанд ва дар моҳи сентябри соли 2015 ба марҳилаи дигари сиёсии худ «сиёсати зўроварӣ» ворид гардиданд ва тавассути гумоштаи хеш генерал Назарзода даст ба кудатои ҳарбӣ заданд. Онҳо муътақид буданд, ки ошуби онҳо дастгирию ҳамовозӣ пайдо мекунад ва онро баъдан инқилоби исломӣ унвон дода, қудратро ба даст мегиранд. Аммо мардуми Тоҷикистон аз амалҳои зишту террорҳоеро, ки аз ҷониби ҲНИТ ҳам дар ибтидои солҳои 90-ум ва ҳам солҳои баъди истиқрори сулҳ содир гардидаанд, хуб огоҳ буда, дубора ба доми ин неруи аҳриманӣ наафтоданд. Баръакс мардуми кишвар кушиши табадулоти давлатиро, ки бо дастгирию роҳбарии ҲНИТ роҳандозӣ шуда буд, қотеъона маҳкум намуданд.

Хулоса ҲНИТ дар тамоми замони мавҷудияту фаъолияти хеш чи аз назари ақидавӣ ва чи аз назари амалӣ аз усулҳои Ихвон ул муслимин ба тарзи густурда истифода менамояд. Терроризми ақидавии ҲНИТ, яъне усули «қадам ба қадам», ки мутаасифона солҳои охир ором ором ба маѓзҳои гурўҳҳои иҷтимоӣ сироят карда буд, ҳатто кўшиш намуд то андозае баъзе шоирону рўзноманигорон ва олимонро низ ба самти худ моил созаду онҳоро мадюни худ гардонад. Дар бахши амалӣ бошад, ҲНИТ мисли Ихвон-ул-муслимин аз сиёсатҳои зўроварӣ ё тероризми амалӣ кор гирифта, сабаби фоҷеаи солҳои 90-ум – ҷанги шаҳрвандӣ гардид ва инчунин батеррори густурдаи мухолифини ақидатӣ даст зада, дар моҳи сентябри соли 2015 даст ба табадулот барои ѓасби ҳокимияти сиёсӣ зад.

Айни ҳол роҳбарону масъулони ташкилоти мамнуъ ва террористии ҲНИТ дар хориҷ аз Тоҷикистон қарор дошта, фаъолияти ѓаразноки худро бо дастгирии доираҳои ифротию иртиҷоии мазҳабии хориҷӣ бар зидди манфиатҳои миллии Тоҷикистон ба роҳ мондаанд. Аммо ин амалҳояшон натиҷае нахоҳад дод. Зеро дигар тамоми мардуми Тоҷикистон хуб фаҳмидаанд, ки ташкилоти террористии ҲНИТ бозичаи дасти бегонагон асту ѓайри бадбахтӣ чизи дигаре намеорад.

Матолиби ҳамсон:
Шарҳи худро бинависед:
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив
Пурбаҳстаринҳо
Барои Тоҷикистон корхонаи нави алюминий зарур аст?