Душанбе
Хабарҳои охирин
» » Мубориза бо акидахои носолим - вазифаи хар яки мо

Мубориза бо акидахои носолим - вазифаи хар яки мо

04 январь 16:09

Ифротгарои ва терроризм дин, мазҳаб ва миллат надорад. Бо ин зуҳуроти нангин омехта кардани Ислом кори нодуруст аст. Муборизаи экстримизм, терроризм ва ҷинояткориро ҳаргиз чун, мубориза барои дин муаррифи набояд кард.

Имрӯзњодар як қатор давлатҳо аз ҷумла Сурия, Ироқ, Украина ҷангҳо боиси гурўснаги ва шиддат гирифтани проблемаҳои дигари иҷтимои гардидаанд. Ҳазорҳо нафар кушта мешаванд, хуни ноҳақ мерезад. Мардум даҳштзада шудаанд. Ҷойи таассуф аст, ки ба ин даргириҳо аз ҷониби созмони ифроти ба номи “Давлати ислом” шаҳрвандони кишварҳои дигар аз Аврупо, Африқо, инчунин Осиёи Маркази ҷалб мешаванд. Ҳамагон бояд донанд, ки Ислом ба ҳеҷ гуна ҳизб ниёз надорад. Ислом дар табиати худ покизагӣва фарогири тамоми мусалмонон аст. Президенти кишварамон ҳамеша аз ислом дифоъ мекунанд ва дар ҳар суҳбат мегўянд, ки илмомўзи афзал аст. Илм нур бар ҷаҳл ва зулмот аст. Бе илм одам гумроҳ аст. Пас аз ҷанги хонумонсўзи шаҳрванди дар Тоҷикистон мутаассифона, ҷавонони бисёре ба Русия ба муҳоҷирати мењнати рафтанд. Аксаран ҷавонони мо аз ин ҷо бо андешаҳои солим ба хориҷа барои дарёфти қути лоямут мераванд. Аммо мисолҳое ҳам ҳастанд, ки бархе аз ҷавонон фирефтаи гурўҳҳои ифротгаро шуда, ба онҳо мепайвандад. Аз Русия ба Туркия аз он ҷо ба Сурияву Ироқ ва Покистон роҳ меёбанд. Бечора падару модар аз куљо донад, ки фарзандонашон куҷост? Бархе аз ҷавононро чунон маҷбур мекунанд, ки дигар волидайнро фаромўш мекунанд. Ин гурўњҳои террористи экстримисти худро мусалмон шумурда, кўдакон ва шахсони бегуноҳро ба ҳалокат мерасонанд. Мақсади аслии онҳо бадном сохтани дини мубини Ислом дар арсаи ҷаҳонӣ мебошад.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомали Раҳмон дар ҳар баромадашон қайд мекунанд, ки ҷавонон ояндаи давлату миллатанд, ояндаи Тоҷикистон низ дар дасти ҷавонон аст. Мо бояд сараввал ватани худродўст дорем, бомасъулият бошем, то ки ҳар гуна гурўҳҳои ифротгаро ба тафаккури мо ва ҳамватанони мотаъсир расонида натавонанд.

Матолиби ҳамсон:
Шарҳи худро бинависед:
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив
Пурбаҳстаринҳо
Барои Тоҷикистон корхонаи нави алюминий зарур аст?