Душанбе
Хабарҳои охирин
» » ИФРОТГАРОӢ. МУБОРИЗАИ БЕАМОН БОЯД БУРД

ИФРОТГАРОӢ. МУБОРИЗАИ БЕАМОН БОЯД БУРД

10 январь 16:47
Мутаассифона, сатҳи тафаккури ҳамаи ҷавонон яксон нест. Солҳоиохир даҳшатафканӣ, таблиғи ғояҳои тахрибӣ дар байни баъзе ҷавонон ба хатари глобалӣ табдил ёфта, ҷаҳони муосирро ба ташвиш овардааст.
Имрӯзҳо созмону ниҳодҳои динӣваҳизбу ҳаракатҳои дорои тамоюли динидошта хеле фаъол ва зиёд гардида, ба ҳаёти сиёсӣ - иҷтимоӣ ва маънавӣ бештар таъсир мерасонанд. Зеро қудратҳои ҷаҳонӣ аз ин омилҳо хеле моҳирона ба суди худ истифода мебаранд.
Ба андешаи Аслан Муминов, директори ташкилоти ҷамъиятии «Насли нави Тоҷикистон», ҳоло ҷавонон яке аз қишрҳои осебпазири ҷомеа ба ҳисоб мераванд ва гурӯҳҳои сиёсиву динӣ ба хотири амалӣ намудани манофеи сиёсии хеш аз ин гурӯҳ суистифода менамоянд. Эътимоди ҷавонон ба равияҳои экстремистӣ эҳсоси нотавонбинӣ, ҳирси молу ҷоҳ ва дар бисёр маврид нафратро ба миён оварда, метавонад боиси бегонагӣ ва ҷудоӣ аз раванди ягонагӣ, ҳамкорӣ, ҳамзистӣ таҳаммулпазирӣ гардад. Инқилобу бетартибиҳое, ки вақтҳои охир дар давлатҳои дигар ба вуқӯъ омада истодаанд, бо дасти ҷавонон амалӣмешаванд. Имрӯз қисми зиёди гурӯҳи террористии ба ном «Давлати исломӣ» - ро асосан ҷавонон ташкил медиҳанд, ки сабаби асосии воридшавии онҳо ба чунин созмонҳои ифротӣ паст будани саводи динӣ ва ҷаҳонбинии тангу торик мебошад.
Ғиёсиддин Достиев, мудири бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Кӯлоб, дар ин маврид андешаи дигар дорад. Ба ақидаи ӯ, шомил гардидани баъзе аз ҷавонон ба ҳизбу созмонҳои ифротӣ омили иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва маърифати динӣ дорад. Хатари созмонҳои ифротӣ, барои аҳли башар бисёр ҷиддӣ буда, бетарафӣ ва бепарво будан нисбат ба ин зуҳурот оқибатҳои ниҳоят бад дорад. Аз ҳамин сабаб Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2017 - ро «Соли ҷавонон» эълон намуданд, ки бисёр ба маврид аст. Имрӯз вақти он расидааст, ки ба ҷавонон таваҷҷуҳи хоса зоҳир гардад, то ин ки ин қишри ҷомеа ба самти созандагӣ, бунёдкорӣ, сулҳу суботва рушди ҷомеа сафарбар гардида, ба сӯи харобкорӣ ва ифротгароиву тундгароӣ майл намудани онҳо пешгирӣ шавад. Яке аз мушкилоти асосии бархе аз ҷавонон сатҳи пасти дониш ва бемаърифатӣ буда, боқӣ дигар мушкилиҳо ба он сахт вобастагӣ доранд.Роҳиҳалли он аз чӣ гуна идома ёфтани раванди таълиму тарбия дар муассисаҳои таҳсилотӣ вобаста аст. Вале баробари ин, ҳоло ҷавононе, ки соҳиби донишу саводи баланд ҳастанду баҳри соҳиби касбу ҳунар шудан кӯшиш ба харҷ медиҳанд, кам нестанд. Аз ин рӯ, кормандони ташкилоту муассисаҳо ва масъулонро зарур аст, ки нисбат ба ҷавонон таваҷҷуҳи беандоза зоҳир намоянд. Ҳамзамон, мо - ҷавононро зарур аст, ки бо донишу малакаи хубу баланд, касбу ҳунар сазовори чунин қадрдониҳошуда,саҳми худро дар ободии диёрамон гузорем.
Фаромӯш набояд кард, ки мубориза бо нафароне, ки барои даъват ба гурӯҳҳои ифротӣ машғуланд, на танҳо вазифаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқва идораҳои давлатӣ аст, балки дар ин корзор тамоми аҳли ҷомеа, бояд бетараф набошанд. Танҳо дар ҳамин маврид мо метавонем пеши роҳи майл намудани ҷавонон ба гурӯҳу созмонҳои тахрибкор ва амалҳои номатлубро гирифта дар онҳо тафаккури созандаро ташаккул диҳем.
Матолиби ҳамсон:
Шарҳи худро бинависед:
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив
Пурбаҳстаринҳо
Барои Тоҷикистон корхонаи нави алюминий зарур аст?