Душанбе
Хабарҳои охирин
» » АСОЛАТИ МИЛЛӢ ВА НУФУЗИ МИЛЛАТ

АСОЛАТИ МИЛЛӢ ВА НУФУЗИ МИЛЛАТ

10 январь 16:49
Одамияти тоҷикон бо мурури вақт фарогиртар шуда, ба халқҳои ҳамсоя таъсиргузор будааст. Ва аз рӯи меъёрҳои одамият, дар асоси фарҳанги ориёӣ ва исломӣ, он қадар ҳикмат дар шеъри форсӣ - тоҷикӣ густариш ёфта, ки тафаккури фалсафӣ дар маънавиёти тоҷикон нақши муассир дорад. Аммо тундбодҳои таърих ба ин андешаи холис ва ҳамагир, ҷаҳонбинии фарох ва ҳақиқаталошии мо низ таъсирпазир буда, махсусан дар асри бист кӯшишҳои махлут кардани андешаи миллӣ роҳандозӣ шуда, то ҷое ба он таъсири манфӣ расондаанд. Вале натавонистаанд, ки андешаи миллиро аз байн бубаранд. Баръакс, дар садаи ХХ қаҳрамонони Тоҷикистон Садриддин Айнӣ, Бобоҷон Ғафуров, Шириншоҳ Шоҳтемур, Нусратулло Махсум, Мирзо Турсунзода ва даҳҳо нухбагони миллат садо баланд карда, дар ҳифзи асолати миллат муваффақ гардиданд.
Месазад пас аз арҷгузорӣ ба хидмати онҳо зикр намоем, ки раванди огоҳии миллӣ, ватандӯстиву хештаншиносӣ дар даврони Истиқлолияти давлатӣ батадриҷ вусъат пайдо карда, ботини миллати моро рӯшан намуд. Ин рӯшноӣ зулмати тираро мунаввар сохта, ҷаҳолату бегонапарастиро дар тиннати ҳамзамонони мо барҳам зад.
Дарки дарунмояи масъалагузориҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон замина дар чанд омили муҳим доранд, ки меҳвари онро одамият ва башардӯстӣ ташкил медиҳад. Барои ҳамин ҳам, хидматҳои Пешвои миллатро дар ин самт пеши рӯ овардан ва ибораи зиракии сиёсиро аз даст надодан барои журналистон зарур ва ҳатмӣ арзёбӣ мегардад. Журналист рӯшанфикр ва соҳибназар аст. Ӯ масъули ба мардум расондани ормонҳои ғояи миллӣ ва дар як вақт ҳимоятгари манфиатҳои миллат аст.
Мо андешаи миллиро рушд бахшида, меъёрҳои инсонсозиро дар амали ҳаррӯзаи хеш корбаст созем ва тарбияи маънавиро ба зинаи баланд бардорем, метавонем дар тарбияи ҷавонон ва пешгирии гаравиши онҳо ба гурӯҳҳои ифротгаро нақши муҳим бозем. Дар ин самт имкониятҳои васеи таърихӣ, адабӣ, мазҳабӣ, фарҳангӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодӣ дорем. Истиқлолияти давлатӣ кафили муваффақияти мо дар ин самт хоҳад буд.
Матолиби ҳамсон:
Шарҳи худро бинависед:
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив
Пурбаҳстаринҳо
Барои Тоҷикистон корхонаи нави алюминий зарур аст?