Душанбе
Хабарҳои охирин
» » АЗ ОДАМКУШӢ ТО ФАРҲАНГКУШИИ ДИИШ

АЗ ОДАМКУШӢ ТО ФАРҲАНГКУШИИ ДИИШ

10 январь 17:00
       Ӯ ҳаргиз ба ирфони насрониён муқобил набуд ва ба ғояи «Ваҳдати вуҷуд»бовар дошт. Бовар дошт, ки аз ин бутхонаву калисо, аз ин масҷиду оташгоҳ мақсуд ҳамон Худост, ки барои оламиён ягона аст. Хоҷа Ҳофиз ба ин мазмун фармуда:
Ҳама кас толиби ёранд, чӣ ҳушёру чӣ маст,
Ҳама ҷо хонаи ишқ аст, чӣ масҷид, чӣ куништ.
Мувофиқи маълумоти Муассисаи илм ва фарҳанги Созмони Милали Муттаҳид, баъд аз ишғоли тақрибан сеяки қаламрави Сурияву Ироқ, дар соли гузашта, ҷангҷӯёни гурӯҳи «Давлати исломӣ» калисо ва мавзеъҳои таърихиро вайрон карданд ва ба шаҳрҳои қадимии Намруд, Ҳазро, Дуро Уропус осеби зиёд расонданд. Моҳи майи соли равон онҳо шаҳри бостонии аҳди романиҳо Палмираро ишғол карданд, ки дар канори шаҳри муосири ҳамномаш ҷойгир шудааст. СММ ҳатто изҳор медорад, ки барои пешгирии тундравиҳо коризиёде карда наметавонад, ба ҷуз аз пешгирии хариду фурӯши ғайриқонунии дастхат, тасвир ва ашёи асили ҳунар ва санъат.
Инфарҳангкушӣ дирӯз дар сари мо буд, имрӯз дар сари мардуми дигар қавм аст. Муаррихи асри 13 Рашиди Фатҳуллоҳ зикр кардааст, ки пас аз китобсӯзии муғулҳо сездаҳ рӯз дуди китоб осмони Бухороро тарк накард. Ва боз ҳам ҳангоми истиқболи «гарми» Инқилоби Октябр ҳафтаҳои дароз ҳаммомҳои Бухорои шариф аз оташи китобу дастхатҳои нодири ниёгонамон гарм мешуд. Ин ҳаводис дар ҳар як маҳаллаву деҳаи Тоҷикистон осори манфии худро гузоштааст, ки баъзе аз муаллимону пирамардон то ҳол ҳасрат мехӯранд, ки нодиртарин китобҳои бобояшонро барои ояндагон ҳифз карда натавонистанд. Садои малакутии «Бани одам аъзои якдигаранд»-и Шайх Саъдӣ ҳамоно ҷовидона аст ва моро ҳушдор медиҳад, кисари фоҷиаҳои ҷаҳон бефарқу бетараф набошем:

Ту, ки аз меҳнати дигарон беғамӣ,
Нашояд, ки номат ниҳанд одамӣ.
Матолиби ҳамсон:
Шарҳи худро бинависед:
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив
Пурбаҳстаринҳо
Барои Тоҷикистон корхонаи нави алюминий зарур аст?