Душанбе
Хабарҳои охирин
» » Мо аз насли Коваи охангарем!

Мо аз насли Коваи охангарем!

17 январь 15:12

Инсоният дар тули таърихи мављудияташ мушкилињои зиёдеро пушти сар намудааст, ки дар оинаи таърих баъзе бо хатти харрин ва баъзе бо хуни љигар сабт гардиданд. Агар хоњем, ки аслияти як миллатро донем бояд таърихи ќадим ва навини ўро вараќ зада аз назар гузаронем. Баъдан нисбати намояндагони миллати интихобшуда як симои фикронї дар асаби мо пайдо мешавад, ки аз он мо метавонем ба ин ё он миллат бањои умумї ва объективона дињем.

Миллати куњанбунёди тољик аз ќаъри таърих бо фарзандони љавонмарду бо ору номуси худ ба љањониён маълум гардидааст. Фарзандони ин миллат ба миллату халќиятњои дунёи имрўза меъроси азими фарњангї, маданиятї ва иљтимої боќи гузоштанд. Мисоли ин гуфтањо ашору куллиёт ва китобу дастхатњои Устод Рудакї, Абулќосим Фирдавсї, Ибни Сино, Ал-Бухорї, Умари Хайём, Садриддин Айнї, Мирзо Турсунзода ва њазорон фарзандони зиндарўњи ин миллат мебошанд. Њаряк сухане, ки бузургони зикршуда дар абёташон дарљ намудаанд бебањо мебошанд, чункї имрўз башарият дар зиндагии њамарўзааш аз панду насињатњои онон истифода мекунанд.

Агар шахси ба даст «Шоњнома»-и безаволи њазрати Фирдавсиро гирад ва мутолиа намояд як дунёи дигарро мебинад, ки муборизаи абадии ќуввањои некию бадї нишон дода шудааст.

Ман њамчун як навќалам мехоњам амањиями тахрихї ва ояндабинї доштани «Шоњнома»-ро каме њам бошад шарњ дињам, чункї воќеањои асрњои ХХ ва ХI тамоми њамон сањнаи муборизаи некию бадї, хиёнату шуљоат ва дустию рафоќатро бори дигар нишон дода истодааст.

Яке аз муњимтарин терминњои «Шоњнома» ин «Ањурамаздо»-ќувваи некї ва «Ањриман»-ќувваи бадї мебошанд, ки дилхоњ фарзанди тољик онњоро медонад. Ва дигаре «Кова» ном марде мебошад, ки барои мубориза бо хунхорию, љањолат ва ќатлу таљовузи љонибдорони ќувваи бадї касби оњангариашро монда ба даст силоњ мегирад ва муборизаи беамон менамояд. Кова дар «Шохнома» симои аслии фарзандони тољикро нишон медињад, ки бањри оромию осудагї ва сарсабзу хуррам намудани Ватани азимамон љоннисорї намуда Тољикистони ба хуну халов олударо ба як бињишти руйи замин мубадал намуданд.

Аммо ин миллати бо фарњанг аз ќаъри таърих аз дасти халќиятњои гуногуни дунё пайваста ранљу озор ва хиёнат дидааст.

Якчанд руз ќабл дар як барномаи телевизионї, ки дар шабакањои интернетї пањншудааст ман суханронї ва факори якчанд шахсони форс таборро дидам, ки оиди филми њуљљатие, ки аз љониби шабакањои телевизионии Тољикистон нишон дода шудааст ибрози аќида менамуданд. Фикру аќидањони онњо маро водор кард, ки он филмро дастрас намуда бо диќќат тамошон кунам. Ман ин филме, ки 44 даќиќаро ба бар мегирад ду маротиба дидам.

Баъди дидани ин филм ва дарк намудани аслият ва њаќиќати муноисбатњои дустонаи Љумњурии исломии Эронро бо Љумњурии Тољикистон ва муносибати ин кишварро бо мардуми Тољикистону миллати тољик пурра фањмидам.

Чун ба таърихи навини Тољикистони азиз назар меафканем баъди ба истиќлолияти давлатї ноил гардидан Љумњурии исломии Эрон яке аз аввалин давлатњое буд, ки Тољикистонро њамчун давлати мустаќил эътироф намуд ва намояндагии доимии худро дар њудуди Тољикистон дар шакли сафоратхона сохт. Аз аввал мо мардуми Тољикистон дар симои Эронињо бародари худро медидем ва дар фикри он будем, ки барои пешрафту тараќиёт муносибатњои сиёсию иќтисодї ва фарњангию иљтимоии худро сол то сол густариш хоњем дод, вале ин танњо фикри миллату халќи тљикистон будаасту халос.

Љониби Эрон бошад аз даврањои аввали муносибат нисбати давлату миллати тољик фикрњои ѓаразнок доштааст, ки ин шахсони дастгиршуда аз он шањодат медиданд. Барои тадриљан ба њадафњои худ ниол гардидан Љумњурии исломии Эрон аз љумлаи шањрвандони суст ирода ва бенангу номуси миллати тољик як олот ва ё таљњизот сохтанд, ки дар даврони бесару сомонї ба ќатлу куштор ва содир намудани љиноятњои нињоят вазнин даст заданд. Ин њолат боиси нафрати миллати тољик ба эронињо ва суст шудани муносибатњои дустонаи Љумњурии Тољикистон бо Љумњурии исломии Эрон хоњад шуд. Баъди дидани ин навор њар фарди бо нангу номуси миллати тољик заррае њам бошад њаќиќати Эронро дарк хоњад кард.

Шояд баъди то ин сатр хондани ин маќола ба Шумо саволе пайдо вашад, ки чаро номи маќола бо мазмуни он мутобиќат намекунад, вале ман гуфтани њастам, ки барои фањмидан то анљом бояд хонд. Чункї њолати дигари хушњолкунанда дар навори мазкур ба назар мерасад. Ин зинда ва љовидона мондани насли Кова, яъне фарзона фарзандони миллати тољик, ки бори дигар ин хиёнатњоро муайян ва пешгирї намудаанд. Ин насли Кова, ки дар танњої давлатро аз вардаи нобудї ба як бињишт мубадал намудааст моњи сентябри соли 2015-ум аз исён ва хиёнат ва бори дигар аз нобудшавї эмин намуд.

Боиси фахри тамоми мардуми Тољикистон аст, ки имрўз амнияту оромии моро чунин љавонмардон бо нангу номуси Коваёна таъмин менамояд. Аз ин фурсати муносиб истифода намуда ба он шахсоне, ки барои таъмини оромию субботи Тољикистони азиз хизмати шабонарўзї доранд минатдории самимии худро мерасонам!

Матолиби ҳамсон:
Шарҳи худро бинависед:
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив
Пурбаҳстаринҳо
Барои Тоҷикистон корхонаи нави алюминий зарур аст?