Душанбе
Хабарҳои охирин
» » Вазорати маориф: "Дар рӯзи ид ягон имтиҳон нест

Вазорати маориф: "Дар рӯзи ид ягон имтиҳон нест

12 июнь 17:08
     Тибқи қонун рӯзи иди Рамазон ва иди Қурбон расман истироҳат эълон шудааст
         “Бинобар ин, бо фармони вазир аз 7-уми июн он имтиҳонҳое, ки ба рӯзи ид рост меомад, ба 16-уми июн гузаронда шуд”, - афзуд ӯ. Эҳсони Хушбахт гуфт, ки тағйирот ба ҷадвали санҷишу имтиҳонҳо ба ҳама мактабҳои кишвар дастрас шудааст ва риоя хоҳад шуд.
Рӯзи иди Рамазон ва иди Қурбон дар Тоҷикистон расман рӯзи истироҳат аст. Аммо соли гузашта мақомот ҳангоми таҷлил аз иди Фитр монеи “идгардак”-и кӯдакон шуда, дар иди Қурбон хонандагону донишҷӯёнро ба мактабҳо ва баъзе коргаронро ба идораҳои давлатӣ даъват намуданд.
Эҳсони Хушбахт
Эҳсони Хушбахт
Бо таваҷҷуҳ ба ин, имсол ин нигаронӣ вуҷуд дошт, ки мақомот бо баҳонаи санҷишу имтиҳонҳо дар мактаб нахоҳанд гузошт хонандагону донишҷӯён истироҳат бикунанд. Ҳатто баъзе корбарон дар шабакаҳои иҷтимоӣ акси ҷадвали баъзе имтиҳонҳоро гузоштанд, ки ба рӯзи иди Фитр рост меомад.
Аммо Иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон субҳи 11-уми июн рӯзи таҷлил аз Иди саиди Фитрро рӯзи истироҳатӣ эълон кард. Масъулони ин ниҳод аз Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон ҳам хоста буданд, ки санҷишу имтиҳон дар мактабҳои миёнаву олиро як рӯз пеш ваё баъди он таъйин намояд.
Абдуллоҳ Холиқов, муовини раиси Иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон, ба Радиои Озодӣ гуфт, “тибқи қонун рӯзи иди Рамазон ва иди Қурбон расман истироҳат эълон шудааст.”
Навори видеоӣ дар инҷост:
Профсоюз: Рӯзи иди Фитр дар Тоҷикистон истироҳат аст
 Линки мустақим Шӯрои уламои Маркази исломӣ Иди саиди Фитрро ба рӯзи ҷумъаи 15-уми июн таъйин кардааст. Дар Рамазони имсола мусалмонони Тоҷикистон 29 рӯз рӯза мегиранд.
Дар рӯзҳои таҷлил аз Иди Фитр ҳар хонавода аз субҳи содиқ дастархони худро ороста, дарҳоро боз мегузорад ва ҳар нафари омадаро бо ғизои гарму шириниҳои дастпухт зиёфат медиҳад. Иди Фитр яке аз ду иди бузурги мусалмонони ҷаҳон мебошад, ки он ҳамасола дар рӯзи аввали моҳи шаввол таҷлил мегардад.
Матолиби ҳамсон:
Шарҳи худро бинависед:
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив
Пурбаҳстаринҳо
Барои Тоҷикистон корхонаи нави алюминий зарур аст?