Душанбе
Хабарҳои охирин
» » Як сарбози Гвардияи миллӣ бо ҷурми ифротгароӣ 7 сол зиндонӣ шуд

Як сарбози Гвардияи миллӣ бо ҷурми ифротгароӣ 7 сол зиндонӣ шуд

15 август 09:28
      Чанд боре, ки муроҷиат мекунам, мегӯянд, "гуноҳаш байрақ ва класс мондан аст". Ҳол онки писарам мегӯяд, ин корро дар хотир надорад.“Нашри парчами “Ансоруллоҳ”
     Як манбаъ, ки аз ҷараёни тафтиши қазия огоҳ аст, бо шарти ифшо нашудани номаш ба Радиои Озодӣ гуфт, Бежан Иброҳимов – сокини ноҳияи Рӯдакӣ – ҳадди ақал дар ду ҳодисаи ҷудогона мавриди таваҷҷӯҳи мақомоти ҳифзи қонун қарор гирифт. Ҳодисаи аввал ба соли 2013, се сол пеш аз онки ба хидмати ҳарбӣ ҷалб шавад, рух додааст. Он замон, гӯиё ӯ дар саҳифаи худ дар шабакаи “Одноклассники” акси парчами гуруҳи “Ансоруллоҳ”-ро нашр кардааст. Ин созмон бо қарори Додгоҳи олӣ мамнӯъ ва ифротӣ шинохта шудааст.
Ҳолати дигар, ки зоҳиран дар замон хидматаш дар артиш рух додааст, ба мукотибаи ӯ бо афроди узви гурӯҳҳои ифротгаро дар Ховари Миёна рабт мегирад. Иттиҳоми аслии Бежан Иброҳимов дар додгоҳ ин буд, ки бо як ҳамсабақи даврони мактабиаш, ки ба эҳтимоли зиёд дар Сурия ё Ироқ аст, тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ суҳбатҳо анҷом додааст.
Равшан Раҷабов
Мақомот барои писандидани маводи гуруҳҳои ифротгаро ва террористӣ то 15 соли ҷазо таъйин кардаанд
Мақомот барои писандидани маводи гуруҳҳои ифротгаро ва террористӣ то 15 соли ҷазо таъйин кардаанд
Тафтишот мегӯяд, Иброҳимов баҳори имсол ҳамроҳ бо ду нафари дигар боздошт шуд. Мақомот алайҳи онҳо бар асоси моддаи 307-и Кодекси ҷиноӣ парванда боз карданд. Номи ду нафари дигаре, ки ҳамроҳ бо Иброҳимов боздошт шуданд, то ҳол ошкор нашудааст.
Аммо ҳамсуҳбати мо дар мақомоти тафтишотӣ мегӯяд, яке аз ин ду нафар мехост ба Афғонистон фирор карда, ба гуруҳҳои ифротгаро пайвандад. Мақомоти тафтишотӣ ва ҳам додгоҳ то ба ҳол қазияро шарҳ надодаанд.
Вале Алишер Рафиқзода, додраси парванда рӯзи 15-уми август дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, додгоҳ нисбат ба Иброҳимов ва ҳамроҳони ӯ “ҳукми сазовор таъин кардааст”.
Рафиқзода афзуд, “парванда мавриди баррасӣ қарор дода шуд ва нисбат ба шахсони гунаҳкор аз тарафи додгоҳ ҷазои сазовор таъйин гардид. Аммо ҳукм ҳоло эътибори қонунӣ пайдо накардааст. Онҳо шикояти кассатсионӣ бурданд. Айни замон додгоҳ онҳоро гунаҳкор кардааст, аммо ҳукм эътибори қонунӣ пайдо накардааст.”
Ин додраси тоҷик гуфт, танҳо баъди қувваи қонунӣ гирифтани парванда метавонанд ҷузъиёти онро расонаӣ кунанд.
Алек бар саломи ҳамсабақ Бежанро зиндонӣ кард?
Додгоҳ дар ҳоле Бежан Иброҳимовро барои 7 сол зиндонӣ кард, ки наздикони ӯ ҳукмро ноодилона медонанд. Онҳо бовар доранд, ки ӯ бегуноҳ пушти панҷара рафтааст.
Ҳотам Иброҳимов, падари Бежан, рӯзи 15-уми август дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, писараш бо ихтиёри худ ба хидмати ҳарбӣ рафт ва бояд моҳи сентябр ба хона бармегашт. Иброҳимов афзуд, иттиҳоми ифротгаро будани фарзандашро қабул надорад, зеро дар ӯ ҳеҷ нишонаи ин корро надида буд.
“Чанд боре, ки муроҷиат мекунам, мегӯянд, "гуноҳаш байрақ ва класс мондан аст". Ҳол онки писарам мегӯяд, ин корро дар хотир надорад. Бежан гуфт, дар ёд надорад, ки вақти суратҳоро ба телефонаш гузарондан шояд чунин аксҳо ба телефонаш гузашта бошанд. Аммо Бежан на парвои байрақ дошт, на чизи дигар”, - гуфт Ҳотам Иброҳимов.
Ҳукми Бежан Иброҳимов ду моҳи пеш содир шуда, ба гуфтаи наздиконаш, ҳафтаи гузашта Додгоҳи олӣ низ онро бетағйир гузошт.
Мукотиба бо ҳамсабақи даврони мактабӣ иттиҳоми аслӣ нисбат ба Бежан Иброҳимов аст. Аммо наздикони ӯ иддао доранд, ки Иброҳимов бо собиқ ҳамсабақаш аслан робита надошт.
“Ин ҳамсабақаш вақти дар мактаб хондан гум мешавад. Пас аз чанд сол ба Бежан дар “Одноклассники” як салом мефиристад ва Бежан ҳам саломи ӯро алек мегирад. Ҳол онки Бежан умуман намедонист, ки ҳамсинфаш дар куҷо аст. Ҳатто худаш ҳам дар додгоҳ гуфт, ки гунаҳкор нест ва агар хатое карда бошад, ӯро бубахшанд ва зиндониаш накунанд”, - афзуд яке аз наздикони ӯ.


Падари Бежан Иброҳимов мегӯяд, писараш варзишгари хуб буд ва мехост оянда афсар шавад. Орзуе, ки шояд дигар барои Иброҳимов амалӣ кардани он даст надиҳад ва падараш низ аз ояндаи ӯ дар хавотир аст.
Бежан Иброҳимов 22 сол дошта, ҳамроҳ бо волидон дар ноҳияи Рӯдакӣ зиндагӣ мекард. Ӯ ҳамроҳ бо ду нафари дигар феълан дар боздоштгоҳи шаҳри Кӯлоб нигоҳдорӣ мешавад. Ҳукми Бежан Иброҳимов ду моҳи пеш содир шуда, ба гуфтаи наздиконаш, ҳафтаи гузашта Додгоҳи олӣ низ онро бетағйир гузошт.
Бо ин ҳол, наздикони Иброҳимов бовар доранд, ки бегуноҳии ӯро собит хоҳанд кард.
      “Вируси ифротгароиро чӣ гуна тарбия бояд кард?”
    Давлати Тоҷикистон дар панҷ соли охир мубориза бо ифротгароиро шиддат бахшидааст. Ин амр бахусус пас аз пайвастани беш аз 1000 ҷавони тоҷик ба сафи гуруҳи тундрави “Давлати исломӣ” дар Сурия ва Ироқ шадидтар шуд. Ҳарчанд омори дақиқ нашр нашудааст, дар чанд соли охир даҳҳо сокини Тоҷикистон бо ҷурми ифротгароӣ зиндонӣ шуданд.
Зимнан, дафъаи аввал нест, ки сарбозони тоҷик бо ҷурми гароиш ба гуруҳҳои фаъолияташон мамнуъ боздошт мешаванд. Соли 2015 як марзбони тоҷик, ки ба Афғонистон фирор карда буд, ба убури ғайриқонунии марз ва қасди пайвастан ба ҷангҷӯёни Толибон айбдор шуда буд.
Мақомот ҳарчанд аз коҳиш ёфтани мавридҳои пайвастани ҷавонон ба сафи созмону гурӯҳҳои ифротиву террористӣ иттилоъ медоданд, пахши навори савгандёкунии панҷ ҷавони тоҷик ба роҳбари гуруҳи террористии “Давлати исломӣ” бори дигар ин мавзуъро дар ҷомеа доғ кард. Ин ҷавонон баъдан сайёҳони хориҷиро пахш карда, чаҳор нафари онҳо дар амалиёт кушта шуданд.
Коршиносон бо ишора ба воқеаҳои ахир мегӯянд, шеваи мубориза бо ифротгароӣ дар Тоҷикистон куҳна шудааст. Ба қавли як пажӯҳишгари масоили ифротгароӣ, дигар бо зиндонӣ кардан ва “маъракаҳои мавсимии маҳкумкуниҳо” наметавон ба ифротгароӣ пирӯз шуд.Вакили тоҷик хост, шеваи мубориза бо ифротгароӣ тағйир ёбад
Матолиби ҳамсон:
Шарҳи худро бинависед:
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив
Пурбаҳстаринҳо
Барои Тоҷикистон корхонаи нави алюминий зарур аст?