Душанбе
Хабарҳои охирин
» » Муборизаи 4 даста барои медалҳои қаҳрамонии Тоҷикистон

Муборизаи 4 даста барои медалҳои қаҳрамонии Тоҷикистон

15 август 09:39
     Дар бозии охирини давраи дувуми мусобиқот, ки 14-уми август дар Варзишгоҳи марказии пойтахти кишвар барпо гардид, дастаи Академияи футболи Федератсияи футболи Тоҷикистон - «Орзу-2026» - тими «Истиқлол»-и Душанберо бо ҳисоби 1:0 мағлуб кард. Голи ягонаро Зуҳриддин Фузайлов дар нимаи дувуми дидор, дар дақиқаи 77-ум, ба самар расонд.

    Зимнан, ин аввалин бохти “Истиқлол” ба шумор меравад. Футболбозони навраси Академияи футболи “Истиқлол”, ки дар 14 бозӣ 39 имтиёз гирифтанд, дар ҷадвали мусобиқот мақоми аввалро касб намуданд.

     “Орзу-2026” бо 36 имтиёз дар мақоми дувум қарор гирифт. Дастаи РШВСМ-1 (Мактаби ҷумҳуриявии маҳорати олии варзишӣ)-и Душанбе бо 21 имтиёз дар зинаи севум ва “Равшан”-и Кӯлоб бо 18 имтиёз дар зинаи чорум ҷойгир шуданд.
Ба иттилои дафтари матбуоти Федератсияи футболи Тоҷикистон, мувофиқи дастури мусобиқот, дастаҳое, ки ҷойҳои аз якум то чорумро соҳиб шуданд, дар нимаи дувуми мусобиқот барои медалҳо дар ду давра мубориза мебаранд. Зимнан, имтиёзҳои дар ду давраи мусобиқот ба даст овардаи дастаҳо нигоҳ дошта мешавад. Дастае, ки имтиёзи бештар мегирад, ғолиби мусобиқоти қаҳрамонии футболи Тоҷикистон миёни наврасони зери 18-сола мегардад.

      Ба ин тартиб, дар нимаи дувуми мусобиқот дастаҳои «Истиқлол», «Орзу-2026», РШВСМ-1 ва «Равшан» барои медалҳо талош хоҳанд кард. Давраи севуми мусобиқоти қаҳрамонии футболи Тоҷикистон миёни наврасони зери 18-сола ба зудӣ шуруъ мешавад.
Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқот
Ҷ
ДАСТАҲО
Б
Ғ
М
Б
Т
И
1
«Истиқлол» (Душанбе)
14
13
0
1
50-11
39
2
«Орзу-2026» (Академияи футболи ФФТ)
14
12
0
2
57-16
36
3
РШВСМ-1 (Душанбе)
14
6
3
5
32-26
21
4
«Равшан» (Кӯлоб)
14
6
0
8
37-47
18
5
«Хатлон» (Бохтар)
14
5
2
7
28-36
17
6
«Истаравшан» (Истаравшан)
14
4
3
7
20-22
15
7
«Регар-ТадАЗ» (Турсунзода)
14
3
3
8
29-33
12
8
РШВСМ-2 (Душанбе)
14
1
1
12
6-68
4
Нишонзанҳо: Файзиддин Каримов («Орзу-2026») – 12 тӯб, Умедҷон Рамазонов («Орзу-2026») – 10 тӯб, Абдузоҳид Каримов (РШВСМ-1) – 9 тӯб.
Матолиби ҳамсон:
Шарҳи худро бинависед:
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив
Пурбаҳстаринҳо
Барои Тоҷикистон корхонаи нави алюминий зарур аст?