Душанбе
Хабарҳои охирин
» » ТЭТ ҲНИТ ВА ҲУҚУҚИ БАШАР!

ТЭТ ҲНИТ ВА ҲУҚУҚИ БАШАР!

12 сентябрь 13:37

Тамоми дастовардҳои кишвар бо кӯшишу заҳмат ва талошҳои шабонарӯзии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омадаанд. Аз ин рӯ, аввалин суханони Пешвои муаззами миллат дар сессияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон. “… ман ба Шумо сулҳ меорам…” дар гӯши тамоми мардуми кишвар чун садои бехтарину бебаҳо то ҳанӯз васф карда мешаванд.

Новобаста аз дастовардҳои беназири сиёсиву иқтисодӣ ва фарҳангиву иҷтимоӣ имрӯз мутаассифона ҳолатҳоинигароникунандаро низ мушоҳида менамоем, ки мудҳиштарини онҳо акти террористӣ нисбат ба вело-туристҳо дар минтақаи Хатлон маҳсуб мешавад.

Душманони халқи мамлакат бо истифода аз сатҳи пасти донишу малакаи ҷавонони содда ва зудбовар мехоҳанд, ки ниятҳои нопоки худро бо ҳар роҳу восита ба сари мардум бор кунанд. Таҷрибаи андӯхтаи халқи тоҷик тӯли солҳои ҷанги бародаркӯш, ки бо роҳбарии бевоситаи ТЭТ ҲНИТ оғоз, вале бо кӯшишу заҳматҳои ҳукумати кишвар анҷом пазируфт, ба ингуна бесарусомониҳо роҳ нахоҳад дод.

Ба ҷомеаи кушоди мо, арзишҳои бегона, таълимот ва назарияҳои ғайр бо роҳҳои ошкорою пинҳонӣ ворид гашта, ба шуур ва тафаккури аъзои ҷомеа таъсир мерасонанд. Таассубу хурофот, коштани кинаву адовати диниву мазҳабӣ, сӯистифода аз арзишҳои динӣ бо ғаразҳои сиёсии гурӯҳиву шахсӣ ва дигар аъмоли номатлуб, имрӯзҳо ба тамоюли хатарнок табдил ёфта, шомилшавии ҷавонон ба ҳар гуна мазҳабу равияҳо ба назар мерасанд.

ТЭТ ҲНИТ имрӯз бо ҳар роҳу восита, аз ҷумла, бо истифода аз минбарҳои созмонҳои бонуфӯзи минтақавию байналмилалӣ мехоҳад, ки авзои ҷомеаи шаҳрвандии кишвари моро боз ба гирдоби андешаҳои пучи худ мубтало кунад. Хушбахтона, бештари созмонҳои минтақавию байналмилалӣ, аз ҷумла, созмони Шанхай, созмони аҳдномаи дастаҷамъӣ, чандин созмонҳои кишвари Мисри Араб, Ҷумҳурии Туркия ва ҳоказо ҲНИТ-ро ҳамчун ТЭТ эътироф намудаанд.

Аз 10-уми то 21-уми сентябри соли ҷорӣ дар пойтахти Лаҳистон, шаҳри Варшава Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо бо иштироки намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нишасти кории оид ба ҳуқуқи башар баргузор менамояд, ки дар он раёсати ТЭТ ҲНИТ мехост иштирок ва суханронӣ намоянд. Раёсати ин созмони бонуфӯзи минтақавӣ ба хулоса омад, ки намояндагони ҲНИТ бо сабаби ташкилоти террористию экстремистӣ эълон шуданашон ҳуқуқи дар кори созмон ширкат намуданро надоранд.

Воқеан, ҳодисаҳои террористие, ки дар бештари манотиқи олам ва аз ҷумла, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯх доданд аз он гувоҳӣ медиҳанд, ки аз ТЭТ ҲНИТ то ҳуқуқи башар фарсахҳо роҳ аст.


Ойев Н.А., муовини аввали ректори ДСХ,

Нодиров Ф.М., мудири кафедраи гумрук

ва муқовимат бо коррупсияи ДСХ.

Матолиби ҳамсон:
Шарҳи худро бинависед:
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив
Пурбаҳстаринҳо
Барои Тоҷикистон корхонаи нави алюминий зарур аст?