Душанбе
Хабарҳои охирин
» » ФУТБОЛ: дастаи «Панҷшер» дар лигаи олӣ боқӣ мемонад

ФУТБОЛ: дастаи «Панҷшер» дар лигаи олӣ боқӣ мемонад

29 ноябрь 13:29
Дастаи  футболи «Панҷшер»-и ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ, ки дар бозии ҷавобии гузариш дастаи футболи «Эсхата»-и шаҳри Хуҷандро дар майдони худ бо ҳисоби 3:2 шикаст дод, мавқеашро дар лигаи олии футболи Тоҷикистон дар соли оянда нигаҳ дошт.

Тавре аз Федератсияи футболи Тоҷикистон ба хабарнигори  АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, бозии ҷавобӣ барои ҳаққи ширкат ба Чемпионати Тоҷикистон  миёни дастаҳои лигаи олӣ дар мавсими соли 2018 дар варзишгоҳи ба номи Уктам Маматови ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ баргузор шуд. Дастаи футболи  «Панҷшер», ки дар мусобиқоти имсолаи Чемпионати Тоҷикистон миёни дастаҳои лигаи олӣ мақоми ҳафтумро касб намуд, бо барандаи медалҳои нуқраи лигаи аввал- дастаи футболи  «Эсхата»-и Хуҷанд рақобат кард. Мизбонон бо ҳисоби 3:2 пирӯз шуданд. Голҳои Ҳасан Холов, Алишер Салимов ва Фаррух Фузайлов дар ин бозии муҳим ба дастаи «Панҷшер» пирӯзӣ оварданд. Бозии аввал миёни ин дастаҳо, ки 22 ноябр дар шаҳри Хуҷанд доир шуда буд, бо ҳисоби мусовии 1:1 ба анҷом расидааст.

Дастаи «Панҷшер», ки аз рӯи натиҷаҳои ду бозӣ бар дастаи  «Эсхата» ғолиб омад, мавқеашро дар лигаи олӣ нигаҳ дошт. Дастаи футболи «Ҳосилот»-и ноҳияи Фархор, ки дар мусобиқоти имсолаи лигаи олӣ дар мақоми охирин қарор гирифт, лигаи олиро тарк карда, соли оянда дар лигаи аввал ширкат меварзад.

Дастаи ғолиби мусобиқоти лигаи аввали Тоҷикистон дар соли 2017  дастаи «Кӯктош»-и ноҳияи Рӯдакӣ ба ҳаққи ширкат дар мусобиқоти лигаи олӣ дар мавсими нав мушарраф шуд.
Матолиби ҳамсон:
Шарҳи худро бинависед:
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив
Пурбаҳстаринҳо
Барои Тоҷикистон корхонаи нави алюминий зарур аст?