Душанбе
Хабарҳои охирин
» » Мавсими футболи соли 2017 дар Тоҷикистон 2 декабр анҷом меёбад

Мавсими футболи соли 2017 дар Тоҷикистон 2 декабр анҷом меёбад

29 ноябрь 12:53
Бозиҳои даври охирини  Лигаи олии Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол байни дастаҳои  «Истиқлол»-и Душанбе  ва «Ҳосилот»-и Фархор ба анҷом расиданд.

Тавре аз Федератсияи футболи Тоҷикистон ба  хабарнигори  АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, дар ин бозӣ дастаи футболи «Истиқлол»-и Душанбе бар   дастаи футболи  «Ҳосилот»-и Фархор бо ҳисоби 3:1 ғолиб омад. Дилшод Восиев, ҳамлагари бомаҳорати  дастаи  футболи «Истиқлол»-и Душанбе тавонист се гол ба ҳадаф расонад. Як голи дастаи футболи  «Ҳосилот»-и Фархорро аз зарбаи ҷаримавии 11-метра Хайрулло Азизов ба нишон расонид. Натиҷаи вохӯрии мазкур барои ҳар ду даста муҳим набуд, зеро  дастаи футболи «Истиқлол» пеш аз муҳлат бори шашум унвони  Чемпионаи Тоҷикистонро соҳиб шуд. Дастаи футболи «Ҳосилот» ҷойи охиринро дар ҷадвали мусобиқа касб намуд ва аз иштирок дар мавсими соли ояндаи Лигаи олӣ маҳрум гардид. Ба ҷойи ин даста соли 2018 ғолиби лигаи якуми мамлакат- дастаи футболи  «Кӯктош»-и ноҳияи Рӯдакӣ  баромад хоҳад кард.

Зинаи дуюм ва медалҳои нуқраро дастаи футболи  «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд ба даст овард, ҷойи сеюм ва медалҳои биринҷӣ насиби  дастаи  КМВА «Помир»-и Душанбе  гардид.

Ёдовар  мешавем, ки мавсими футболи соли 2017 дар Тоҷикистон    2 декабр бо баргузории бозии финалии Ҷоми  Тоҷикистон байни дастаҳои футболи  «Истиқлол»-и Душанбе  ва «Хуҷанд»-и Хуҷанд дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе  анҷом меёбад. Оғози бозӣ соати 14:00 аст.
Матолиби ҳамсон:
Шарҳи худро бинависед:
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив
Пурбаҳстаринҳо
Барои Тоҷикистон корхонаи нави алюминий зарур аст?