Душанбе
Хабарҳои охирин
» » Даҳсолаи байналмилалии «Об барои рушди устувор» Тоҷикистонро ҳамчун кишвари амну осуда ва дорои захираҳои бои обию сайёҳӣ муаррифӣ менамояд

Даҳсолаи байналмилалии «Об барои рушди устувор» Тоҷикистонро ҳамчун кишвари амну осуда ва дорои захираҳои бои обию сайёҳӣ муаррифӣ менамояд

29 ноябрь 12:57
Ҳарчанд дар доираи  Ҳадафҳои Рушди Ҳазорсола доир ба ҳалли масъалаҳои об  ва ташаббусҳои  Ҷумҳурии  Тоҷикистон дар соҳаи об   пешрафтҳои назаррас  ба даст омадаанд, вале то ҳанӯз  дар миқёси ҷаҳон  тақрибан  1 миллиард нафар  аҳолии  сайёра ба оби тозаи ошомиданӣ  дастрасӣ  надоранд. Ин нукта дар конфронси ҷумҳуриявӣ, ки имрӯз дар мавзӯи «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028  дар Душанбе бо ибтикори Маркази тадқиқоти стратегӣ ва Маркази исломшиносии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон созмон дода шуд, баён гардид. Дар конфронс, ки роҳбарону мутахассисони  вазорату идораҳои  марбутаи кишвар, пажӯҳишгоҳҳои илмӣ-тадқиқотӣ, аз ҷумла, директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии  Тоҷикистон Худобердӣ Холиқназар, директори Маркази исломшиносии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзулло Баротзода, муовини аввали Вазири энергетика ва захираҳои оби ҷумҳурӣ Султон Раҳимзода ва дигарон иштирок доштанд, доир ба ташаббусҳои муваффақонаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар масъалаи об  ва ҷойгоҳи об дар китоби азимушшаъни Қуръон ибрози назар намуданд.  Таъкид гардид, ки Қатъномаи Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид /СММ/  оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028,  ки моҳи декабри соли гузашта бо ҷонибдории қариб 200 кишвари дунё қабул гардид,  дар шахси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  Тоҷикистонро бори дигар ҳамчун кишвари пешсаф дар ҳалли масоили глобалии ҷаҳон-  об дар меҳвари таваҷҷуҳи ҷаҳониён қарор дод.

Мавриди зикр аст, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ аз ташаббуси нави байналмилалии  Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз касби ҷойгоҳи шоиста ва мавқеи сиёсии кишвар дар сатҳи ҷаҳонӣ башорат медиҳад,  истиқбол намуданд. Бо назардошти аҳамияти ин ташаббус, ки нақши мустақим дар рифоҳи зиндагӣ ва наҷоти аҳли башар аз хатари беобӣ дорад, дар радифи кишварҳои аъзои СММ шахсиятҳои бонуфузи ҷаҳонӣ низ иқдоми Сарвари давлати Тоҷикистонро   ҷонибдорӣ намуданд. Қабули Даҳсолаи нав дар роҳи таҳким ва мусоидат ба татбиқи ҳадафҳои рушди устувори марбут ба захираҳои об нақши арзишманд гузошта, дастовардҳои Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои ҳаёт», 2005 — 2015 — ро тақвият мебахшад.

Зикр гардид, ки қабул гардидани ташаббуси Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби СММ  оид ба эълон гардидани Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028 барои баланд гардидани нуфузи сиёсии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ, муаррифии Тоҷикистон ҳамчун кишвари  амну субот ва сайёҳӣ, ҷалби сармояи хориҷӣ ба ҷумҳурӣ бо мақсади рушди иқтисоди миллӣ, баланд бардоштани сатҳи иҷтимоиии аҳолии кишвар дар самти дастрасӣ ва таъмин бо оби  тозаи ошомиданӣ нақши муассир мегузорад. Зеро дар қатънома омадааст, ки афзоиши аҳолӣ, раванди шаҳрнишинӣ, биёбоншавӣ, хушксолӣ ва тағйири иқлими сайёра  дар оянда боиси авҷ гирифтани мушкилоти дастрасӣ ба оби нӯшидании тозаю бехатар шуда метавонанд. Дар ин росто дар конфронс таъкид гардид, ки бо назардошти чунин таҳдидҳо ҷомеаи ҷаҳониро зарур аст,  ки ба ҳалли мушкилоти истифодаи оқилонаи об шурӯъ намуда,  дар иҷрои уҳдадориҳои байналмилалӣ вобаста ба ин масъалаи ҳаётан муҳим иқдом намояд. Иштирокдорони конфонс ҳамзамон масоили марбут ба  вазъи  таъмини оби нӯшокӣ дар ҷумҳурӣ, ҳамкорӣ дар соҳаи об дар сатҳи  байналмилалӣ, минтақавӣ,  миллӣ ва маҳаллӣ, мушкилоти норасоии об, сифат, тозакунӣ, коркард  ва  дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар бахши обу энергетика ибрози назар карда, Даҳсолаи байналмилалии «Об барои рушди устувор», 2018-2028-ро қадами муассир дар роҳи  сарҷамъ намудани ҷомеаи ҷаҳонӣ дар ҳалли мушкилоти марбут ба об ва рушди устувори ҷомеаи башарӣ унвон карданд.

Тибқи маълумоти оморӣ, ҳар сол дар ҷаҳон аз нӯшидани оби ифлос  5 миллион нафар ҳалок гардида, 3 миллион нафар мубталои бемориҳои  гуногун мегарданд. Алҳол дар ҷаҳон 1,2 миллиард нафар ба оби ошомиданӣ дастрасии дуруст надошта,   беш аз  3 миллиард аз одитарин шароити санитарӣ маҳруманд. Дар ин росто,   ташаббуси байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар меҳвари таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳон  қарор гирифтааст.

Дар конфронс ҳамчунин китоби мутахассисони Маркази тадқиқоти стратегии  назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  Умед Давлатов ва Муҳаммад Амирхонов таҳти унвони «Ташаббусҳои байналмилалии Пешвои миллат  дар ҳалли проблемаҳои глобалии марбут ба об»  рӯнамоӣ гардид.

Марзия САИДЗОДА
АМИТ «Ховар»
Матолиби ҳамсон:
Шарҳи худро бинависед:
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив
Пурбаҳстаринҳо
Барои Тоҷикистон корхонаи нави алюминий зарур аст?