Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон дар пайи қатъи барномаҳои Бунгоҳи Рушди Байналмилалии Амрико (USAID) сармоягузорони нав ҷустуҷӯ мекунад. Барномаҳои ин созмони байналмилалӣ дар самти табобати бемориҳои сил, ВНМО (СПИД), солимии модару кӯдак ва ҳифзи иҷтимоӣ нақши муҳим доштанд.
Изҳороти Вазорати тандурустӣ
Вазири тандурустии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода дар нишасти хабарии худ дар Душанбе изҳор дошт, ки то муайян шудани механизми фаъолияти USAID дар кишвар, ҳукумат талош хоҳад кард, ки аз манбаъҳои дигари молиявӣ истифода барад.
“То муайян шудани механизми фаъолияти USAID бо дигар роҳҳо ҳаракат мекунем, то дар самтҳое, ки мо фаъолият мекунем, ягон мушкилот пайдо нашавад.”
Вай таъкид кард, ки ташкилотҳои дигар, аз ҷумла «Глобал фонд», метавонанд ҷойгузини USAID шаванд ва кумаки молии заруриро идома диҳанд.
“Манбаъҳои дигари маблағгузорӣ ҳастанд, ки ҳаракат мекунем, то корҳое, ки бо ин ташкилот карда будем, коҳиш наёбанд.”
Мавқеи сафорати ИМА дар Тоҷикистон
Мануэл Микаллер, сафири Амрико дар Тоҷикистон, қаблан таъкид карда буд, ки мардуми Амрико дар 30 соли охир ба Тоҷикистон зиёда аз 2 миллиард доллар кумаки башардӯстона расондаанд.
“Як қисми асосии барномаҳои мо тавассути USAID ва дигар ниҳодҳои ҳукуматии ИМА амалӣ мешаванд, ки ба Тоҷикистон кӯмак мекунанд, то имкониятҳои бузурги худро истифода барад.”
Тасмими қатъи кори USAID ва сабабҳои он
Сомонаи расмии USAID рӯзи 3-юми феврал дастнорас шуд, ки боиси нигаронии созмонҳои байналмилалӣ гардид. Доналд Трамп иддао кардааст, ки USAID “як гурӯҳ девонаҳои ифротӣ раҳбарӣ мекунанд” ва пешниҳод кардааст, ки фаъолияти онро қатъ кунанд.
Ин пешниҳодро миллиардер Илон Маск, ки Трамп ӯро масъули коҳиши хароҷоти ҳукумати ИМА таъин кардааст, пешниҳод намуд. Маск бар он назар аст, ки бо қатъи кори USAID ва коҳиши хароҷоти ҳукуматӣ, фасод аз байн бурда мешавад ва як триллион доллар касри буҷаи ИМА коҳиш хоҳад ёфт.
Пайомадҳои эҳтимолии қатъи барномаҳо
Созмонҳои байналмилалии башардӯстона ҳушдор додаанд, ки қатъи фаъолияти USAID метавонад пайомадҳои фалокатбор дошта бошад. Таҳлилгарон бар ин назаранд, ки ин иқдом метавонад дастрасии ҷомеа ба хизматрасониҳои тиббӣ ва ҳифзи иҷтимоиро коҳиш диҳад.
Бо ин ҳол, ҳукумати Тоҷикистон талош дорад, ки бо ёфтани сармоягузорони нав кори лоиҳаҳои мавҷударо идома диҳад, то ки халалдор шудани кӯмакҳои башардӯстона ба сокинон пешгирӣ карда шавад.
Больше на Хабарҳои Тоҷикистон – Садои мустақили мардум
Subscribe to get the latest posts sent to your email.
[…] Қатъи барномаҳои USAID: Тоҷикистон сармоягузори нав меҷӯ… появились сначала на Хабарҳои Тоҷикистон – Садои […]
[…] Қатъи барномаҳои USAID: Тоҷикистон сармоягузори нав меҷӯ… […]