«Хабарҳои Тоҷикистон» (tajnews.org) – ин платформаи мустақили иттилоотӣ мебошад, ки барои пешниҳоди ахбори боэътимод, объективӣ ва воқеӣ ба шаҳрвандони Тоҷикистон таъсис дода шудааст.
Мо як гуруҳи журналистони оддӣ аз Тоҷикистон ҳастем, ки танҳо барои адолат ва ҳақиқат фаъолият мекунем. Портали мо на ба ягон давлат, на ба ягон созмони давлатӣ ё тиҷоратӣ вобаста нест. Мо бо ҳеҷ як кишвар ё гурӯҳи манфиатдор алоқаманд нестем.
Мо кафолат медиҳем, ки махфияти ҳар шахс ё манбаъе, ки бо мо ҳамкорӣ мекунад, пурра ҳифз карда мешавад. Ҳар як иттилооте, ки аз шумо ба дасти мо мерасад, бидуни розигии шумо интишор намегардад.
Мо даъват мекунем, ки ҳамкорӣ бо моро интихоб кунед:
- Агар шумо хоҳед, ки дар бораи масъалаҳои муҳими ҷомеа маълумот расонед;
- Агар шикоят ё муроҷиатҳои шумо дар расонаҳои дигар ба назар гирифта намешаванд;
- Агар шумо мехоҳед адолат ва ҳақиқатро дастгирӣ кунед.
Шумо метавонед бо мо тавассути Telegram ё WhatsApp дар тамос шавед. Мо ҳамеша омодаем, ки ба шумо гӯш диҳем ва ҳамкорӣ намоем.
Бо эҳтиром,
Тими «Хабарҳои Тоҷикистон»
tajnews.org
Озодӣ. Адолат. Ҳақиқат.