Тибқи маълумоти нашркардаи рӯзномаи taz, ҳукумати Олмон новобаста ба интиқоди созмонҳои ҳуқуқи инсон ва мавридҳои боздошт ва ҳабси тӯлонии мухолифони сиёсӣ дар Тоҷикистон, ихроҷи паноҳҷӯёни сиёсии тоҷикистонӣ ба ин кишварро идома медиҳад.
Тибқи маълумоти дастрасшуда, ҳадди аққал чор мухолифи сиёсӣ, ки аз Олмон ба Тоҷикистон ихроҷ шудаанд, ё ба мӯҳлатҳои дарози зиндон маҳкум гардидаанд ё аз ҳамон лаҳзаи расидан ба Душанбе бенишон шудаанд. Аз ҷумла, Дилмурод Эргашев, ки моҳи ноябри соли 2024 аз ҷониби пулиси федералии Олмон ба мақомоти Тоҷикистон таслим карда шуд, то ҳол бедарак аст.
Мақомоти Олмон низ эътироф кардаанд, ки талошҳои намояндагиҳои дипломатии ин кишвар барои дарёфти маълумот дар бораи сарнавишти ӯ то ҳол бенатиҷа будаанд. Абдуллоҳи Шамсиддин ва Билол Қурбоналиев, ки соли 2023 ихроҷ шуданд, дар муҳокимаҳои сареъ ба 7 ва 10 сол ҳабс маҳкум гардиданд. Ҳамчунин, Фаррух Икромов, ки тавассути Лаҳистон ба Тоҷикистон баргардонида шуд, ба 23 сол зиндон маҳкум шудааст.
Ба иттилои рӯзномаи taz, дар моҳи октябри соли 2024 дар шаҳри Эссен мулоқоти махсус байни мақомоти Олмону Тоҷикистон баргузор шуд, ки ҳадафи он шиносоии паноҳҷӯёни тоҷик ва таҳияи ҳуҷҷатҳои ихроҷ буд. Созмонҳои ҳуқуқи инсон ин равандро ҳамчун «ҳамкории хатарнок» арзёбӣ карда, мегӯянд, ки ихроҷи мухолифони тоҷик маънои таҳвили онҳо ба зиндону шиканҷа дар Тоҷикистонро дорад.
Масъалаи ихроҷи паноҳҷӯёни сиёсӣ аз Олмон ба Тоҷикистон боиси баҳсҳои доғ дар сатҳи парлумони Олмон низ гардидааст. Вакилони ҳизби Чапгароҳо (Die Linke) талаб кардаанд, ки Олмон барои ҳимояи паноҳҷӯёни сиёсӣ механизми бозрасии нав ворид намояд. Себастян Розе, намояндаи Абшибунгсрепортинг NRW, ин амали ҳукумати Олмонро «беэътиноӣ ба ҳуқуқи башар» номид.
Бо вуҷуди он ки мақомоти Олмон медонанд, ки мухолифони ихроҷшуда ба ҳабс маҳкум ё зери таҳдиди шиканҷа қарор мегиранд, ҳукумати ин кишвар изҳор доштааст, ки тасмими ихроҷро мақомоти давлатӣ дар сатҳи заминавӣ (иёлатҳо) қабул мекунанд. Ҳамзамон, созмонҳои ҳуқуқи башар аз ҳукумати Олмон талаб доранд, ки фишори дипломатиро ба Тоҷикистон афзоиш дода, барои озодии мухолифони ихроҷшуда талош намояд.
Мавридҳои ахири ихроҷ ва натиҷаҳои онҳо нишон медиҳанд, ки баргардонидани паноҳҷӯёни сиёсӣ ба Тоҷикистон метавонад барои ҷони онҳо хатар эҷод кунад. Дар ҳоле ки ҷомеаи байналмилалӣ ба вазъи ҳуқуқи башар дар Тоҷикистон таваҷҷуҳ зоҳир мекунад, ҳукуматҳои ғарбӣ низ бо интиқоди зиёд рӯбарӯ мебошанд, ки чаро мухолифони тоҷикро ба муҳите бармегардонанд, ки дар он ҷо зиндон ва таъқиб кафолат дода шудааст.
Больше на Хабарҳои Тоҷикистон – Садои мустақили мардум
Subscribe to get the latest posts sent to your email.